Се намояндаи Тоҷикистон ба узвияти кумитаҳои Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) пазируфта шуданд
Душанбе, 17.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ба унвони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон номаи расмие ирсол кардааст, ки дар он гуфта мешавад аъзои нави 15 кумитаи ШОО барои солҳои 2015-2019 тасдиқ шудаанд.
Аз дафтари матбуоти КМОТ хабар доданд, ки дар ин нома аз ҷумла омадааст, ки дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) Баҳрулло Раҷабалиев узви Кумитаи молияи ШОО, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи муносибатҳои байналмилалии ШОО ва мудири кулли КМОТ Муҳаммадшо Абдуллоев узви Кумитаи варзиш ва муҳити зисти ШОО интихоб шудаанд.
Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ дар номаи худ ҳарсе намояндаи Тоҷикистонро, ки аз нав ба узвияти кумитаҳои Шӯрои олимпии Осиё пазируфта шудаанд, табрик гуфта, барояшон барои рушди минбаъдаи ҳаракати олимпӣ дар қораи Осиё барори кор ва комёбиҳо орзу кардааст.








КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






