Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳ дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Февраль 4, 2016 17:20

Душанбе, 4.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои бунёди роҳ дар қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа шинос шуд. Ин қитъаи роҳи оҳан аз иншооти муҳими соҳаи нақлиёти мамлакат маҳсуб гардида, мавриди истифода қарор додани он дар соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Бо иқдоми бевосита ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2016-ум сохтмон, навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як силсила иншооти муҳими таъйиноти гуногун пешбинӣ гардида, қитъаи Ваҳдат -Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа аз ҷумлаи ин иншоот мебошад. Анҷоми саривақтии сохтмони қитъаи роҳи оҳан барои татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ нақши муассир гузошта, корҳои боркашонию мусофиркашониро тавассути роҳи оҳан ба маротиб осон мегардонад. Бо назардошти аҳамияти муҳим доштани ин роҳ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии давлат имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмони роҳи оҳан шурўъ аз истгоҳи Ваҳдат то ба қисмати охири роҳ дар ноҳияи Ёвон шинос шуд. Дар қитъаҳои алоҳидаи роҳи оҳан ҳоло корҳои бунёди роҳ мувофиқи нақша идома дошта, роҳсозон барои таъмини иҷрои вазифаҳои нақшавии худ аз имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд. Аз масофаи умумии нақбҳо то имрўз дар масофаи 3 километру 338 метр корҳои нақбканӣ анҷом ёфта, каме бештар аз 300 метр боқӣ мондааст. Азми қавии роҳсозон ҳам аз ҳамин иборат аст, ки бо истифода аз рўзҳои гарму бебориш дар кўтоҳтарин фурсат сохтмони нақбу пулҳои қитъаи роҳро бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Корҳои омодасозии таҳкурсии роҳ дар ҳама қитъаҳо, аз ҷумла дар мавзеи аз ҳама мушкил ва серхароҷоти қисмати 186-ум ба анҷом расонида шуда, таҳкурсии роҳ аз сатҳи замин дар ин мавзеъ то 30 метр баланд бардошта шудааст. Зимни шиносоӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва роҳбарону масъулини ширкатҳои паймонкору роҳсоз иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вусъати корҳои роҳсозӣ, таъмини сифати баланд, истифодаи самараноки техникаю таҷҳизоти корӣ ва маблағҳои барои бунёди роҳ пешбинишударо талаб намуд. Натиҷаҳои боздид аз қитъаи роҳи оҳан дар ситоди сайёри корӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, нақшаи корӣ ва вазифаҳои иловагӣ барои анҷоми босифати корҳои роҳсозӣ мушаххас карда шуд. Аз ҷумла, талаб карда шуд, ки нақбу пулҳои қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа ҷавобгўй ба талаботи замони муосир бунёд гардида, аз ташхиси пурраи давлатӣ гузаронида шаванд, то дар оянда самаранокии истифодаи онҳо барои солҳои тўлонӣ таъмин гардад.
Дар маҷмўъ то имрўз дар масофаи беш аз 19 км қисмати болоии роҳи оҳан насб гардида, сохтмони нақбу пулҳо ва омодасозии мавзеъҳои сохтмони онҳо мувофиқи тақвими корӣ идома дорад. Хотиррасон бояд кард, ки қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа, ки сохтмонаш соли 2009-ум оғоз гардид, дар масофаи 43,7 км бунёд мешавад. Дар сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим асосан ташкилоту ширкатҳои ватанӣ ва мутахассисони маҳаллӣ иштирок карда, дар ҳамкорӣ бо ташкилоту идораҳои роҳсозӣ аз хориҷи кишвар барои татбиқи пурраи лоиҳаи сохтмони роҳ шабонарўзӣ заҳмат мекашанд.
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо ҷараёни сохтмони корхонаи истеҳсолии «Моҳирсемент», Корхонаи истеҳсоли гачкартони Хуаксин-Ғаюр ва Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминии фтордор ва кислотаи сулфур шинос шуд. Корхонаҳои мазкур дар доираи татбиқи нақшаю барномаҳои рушди соҳибкорӣ, коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, эҳёи саноати кимиёвӣ ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ бунёд гардида, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Февраль 4, 2016 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба таҳияи омори расмии раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамоиш доир шуд
Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия таҷҳизоти нигоҳдорӣ ва истифодаи китобҳо беҳтар мегардад
Барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» мусобиқаи варзишӣ эълон карда шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Таваҷҷуҳи сокинон ба парвариши маҳсулот дар гармхона бештар гардидааст
Моҳи май дар Душанбе Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимон баргузор мешавад
Дар Истаравшан вобаста ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест
Озмуни экологии «Моҳи ҳифзи пиряхҳо 2025» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таъсири интернет ва расонаҳои рақамӣ конфронс доир шуд
Вазъ ва мушкилоти таълими фанни мантиқ дар мактабҳои олии Тоҷикистон баррасӣ гардид