Шўрои адлия озмуни «Сомонаи беҳтарин»-ро эълон намуд

Февраль 16, 2016 09:16

Душанбе, 16.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҷоннок намудани фаъолияти сомонаи судҳо, таъмини шаффофияти фаъолияти онҳо, дастрасӣ ба иттилоот доир ба амалӣ намудани адолати судӣ барои аҳолӣ ва ҳавасмандгардонии шахсони масъуле, ки ба сомонаҳо вобаста шудаанд, озмуни «Сомонаи беҳтарин»-ро эълон намуд. Дар озмун кормандони масъули дастгоҳҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он иштирок менамоянд. Барои баҳодиҳии фаъолияти сомонаҳо комиссияи озмун таъсис дода мешавад. Ҳайат ва шумораи аъзои комиссияи озмун аз ҷониби раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад. Комиссияи озмун то 15 августи соли 2016 амал намуда, фаъолияти сомонаҳо дар шакли холгузорӣ аз ҷониби аъзои комиссия баҳогузорӣ мегардад. Ғолиби озмун аз рўи ҷамъи холҳои бадастовардаи довталабон бо қарори комиссияи озмун муайян мешавад.
Аз рўи натиҷаи озмун ғолибон муқаррар гардида, ба таври зерин ҳавасманд мешаванд: ҷои якум- ҷоизаи “Сомонаи беҳтарин» ва мукофот- таҷҳизоти техникии ноутбук; ҷои дуюм: Дипломи дараҷаи дуюм ва мукофот- таҷҳизоти техникии планшет; ҷои сеюм: Дипломи дараҷаи сеюм ва мукофот -таҷҳизоти техникии мини-планшет.
Натиҷаи озмун дар сомонаи Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мешавад.

Февраль 16, 2016 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад