СММ ҳавопаймои аввалинро бо кумаки башардӯстона ба Сурия фиристод
Душанбе, 25.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-СММ кумаки аввалини башардӯстонаро ба шаҳри Дейр-уз-Зори Сурия расонид. Дар ин бора Reuters иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳавопаймо ба шаҳр 21 тонна кумаки башардӯстона расондааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, борҳои башардӯстонаи ба замин партофташуда ба он минтақае, ки ҳадафи ҳавопаймо буд, расидаанд.
Дар баробари ин, котиби матбуоти СММ Стефан Дюҷаррик иттилоъ дод, ки ҳавопаймое, ки кумаки башардӯстона расонид, ҳанӯз дар бораи дастрас гардидани кумак маълумоти пурра нагирифтааст ва эҳтимол аст на ҳамаи борҳо ба ҳадаф расида бошанд.
Ҳафтаи гузашта ба 5 шаҳри муҳосирашудаи Сурия корвонҳои башардӯстонаи СММ бо маводи хӯрокӣ, доруҳо, таҷҳизоти тиббӣ, об ва ашёи санитарӣ рафта расиданд. Корвонҳо ба 100 ҳазор кумаки башардӯстона расонданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






