Таиланд ва Ветнам ба Чемпионати ҷаҳон мераванд
Душанбе, 18.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дастаҳои мунтахаби Таиланд ва Ветнам, ки дар як гурӯҳ бо тими мунтахаби футзали малакат бозӣ доштанд, ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон, ки дар Колумбия доир мегарданд, роҳхат гирифтанд. Таиланд, ки дар бозии гурӯҳӣ бо душворӣ дастаи мунтахаби моро дар сонияҳои охир бо натиҷаи 5 бар 4 мағлуб карда буд, дирӯз дар бозии ¼ ниҳоӣ бар мунтахаби Австралия бо ҳисоби 6 бар 1 ғалаба карда ба чоргонаи Осиё, ки дар Ҷоми ҷаҳон ширкат менамояд, ҳамроҳ шуд. Ветнам ҳам дар ин рӯз бо тими мунтахаби футзали Ҷопон, дорандагони унвони се карат чемпиони Осиё вориди рақобат шуда, дар вақти асосӣ натиҷаи мусбати 3 бар 3-ро комёб шуд ва дар қисмҳои иловагӣ низ натиҷаи мусовии 4 бар 4 ҳосил шуд. Дар натиҷа барои муайян кардани ғолиб дар ин вохӯрӣ силсилаи зарбаҳои баъдибозӣ таъйин гардиданд ва бахти ветнамиҳо дар он хандида, бо натиҷаи 2 бар 1 ғолиб омаданд.
Баъди пирӯзиҳои Узбекистон бар Ироқ бо натиҷаи 3 бар 0 ва Эрон бар Қирғизистон 7 бар 0 чоргонаи иштирокдорони Ҷоми ҷаҳон аз Осиё муайян шуданд.
Пагоҳ дар бозии нимниҳоӣ тими мунтахаби Узбекистон бо Таиланд ва Ветнам бо Эрон ба толори бозӣ медароянд. Дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Қирғизистон, Австралия ва Ироқ муборизаро барои роҳхати панҷум аз Осиё дар мусобиқаи байниҳамдигарӣ муайян мекунанд. Имрӯз Австралия бо Ироқ ва Ҷопон бо Қирғизистон вомехӯранд. Ғолибони вохӯриҳо рӯзи 19 феврал барои роҳхати панҷум талош меварзанд.








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






