Таъиноти кадрӣ

Февраль 22, 2016 18:17

Душанбе, 22.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии фурудгоҳҳои байналмилалии Хуҷанду Қӯрғонтеппа ва сохтори Хадамоти назорати давлатии фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тағйироти кадрӣ ворид намуд.

Ҳамин тариқ, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Маъруф аз вазифаи Директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” озод ва ба вазифаи Директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа” таъин карда шуд.

Қурбони Алимардон Директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” таъин гардида, Леонов Михаил Константинович аз вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа” озод карда шуд.

Бо қарорҳои дигари Ҳукумати мамлакат Холназаров Баҳодур Маҳмадназарович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сардори Хадамоти назорати давлатии фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ озод гардида, ба ҷойи ӯ Бекмуродзода Султон Бегмурод сардори ин хадамот таъин гардид.

 

 

Февраль 22, 2016 18:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон