Татбиқи ислоҳоти милитсия афзудани эътимод ва бовари халқ мебошад
Душанбе, 05.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар мизи мудаввар оид ба ислоҳоти милитсия, ки дирӯз дар Академияи ВКД бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон баргузор гардид, роҳбари дафтари мазкур, сафир Маркус Мюллер чунин ибрози назар кард: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо САҲА ҳамкории мутақобила дошта, тавассути Вазорати корҳои дохилӣ хоҳиши худро марбут ба оғоз кардани барномаи фарогир оид ба ислоҳоти милитсия ба манфиати мардуми Тоҷикистон изҳор намуд. Барномаи мазкур ба рушди фаъолияти милитсия дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард, ки аз се принсипи асосӣ иборат мебошад: ҳисоботдиҳӣ, мувофиқат ва тамоюл ба ҷомеа. Натиҷаи амалисозии он таъсиси қолаби нави политсияи Тоҷикистон хоҳад буд, ки ба таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо аз тааррузи ғайриқонунӣ равона карда шудааст».
Ҳадаф аз татбиқи ислоҳоти милитсия ҳамкории боз ҳам наздик ва афзудани эътимоду бовари мардум ба ин ниҳоди калидӣ мебошад.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






