Қуръакашӣ ҳарифони духтарони моро муайян кард

Февраль 18, 2016 09:28

Душанбе, 18.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дастаи мунтахаби футболи то 14-солаи духтарони Тоҷикистон, ки имрӯз марҳалаи аввали омодагиро дар шаҳри Норак ба анҷом мерасонад, ҳарифони худро баъди қуръакашии Чемпионати минтақаи Осиёи ҷанубу марказӣ пайдо кард. Гулдухтарони мо дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, Непал, Бутан ва Бангладеш мусобиқа хоҳанд кард. Ба гурӯҳи “Б” дастаҳои мунтахаби Эрон, Малдив, Шри -Ланка ва Ҳиндустон шомил шуданд.
Тибқи низомномаи мусобиқа бозиҳо дар як давр баргузор шуда, аз ҳар гурӯҳ 2 дастаи пешсаф муборизаро барои Ҷом идома медиҳанд.
Мусобиқаи мазкур аз 23 апрел то 1 май дар ду варзишгоҳи кишварамон-“Авиатор”-и пойтахт ва варзишгоҳи Академияи “Истиқлол” дар дараи Алмосӣ гузаронида мешаванд.

Февраль 18, 2016 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид