Вируси Зика +Зукоми хук: эҳтимоли таҳдид ба Тоҷикистон вуҷуд дорад?

Февраль 12, 2016 07:38

Душанбе, 12.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Пас аз коҳиш ёфтани бемории Эбола  ба сокинони курраи замин боз ду бемории сироятии нав- «вируси Зика» ва «зукоми хук»,  гурӯҳи А1H1N1 таҳдид карданд.  Бино ба иттилои ВАО вируси Зика аллакай дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифта шудааст. Зукоми хук мардуми Русия ва Украинаро ба ташвиш овардааст.

Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифтаасту имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад  бе мамониат ба дилхоҳ давлати дунё сафар кунад ва  шаҳрвандони хориҷӣ имкон доранд ба Тоҷикистон оянд.  Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, шаҳрвандони Тоҷикистон ба ду кишвари бузурги дунё- Русия ва Чин бештар аз тариқи тайёра сафар мекунанд ва аз он ҷо низ мардуми зиёд  ба кишварамон ворид мешаванд. Оё имрӯз хавфи аз тариқи тайёра вуруд шудани вируси Зика ва зукоми хук ба Тоҷикистон имкон дорад ё не ва фурудгоҳ дар ин самт кадом корҳои пешгирикунандаро роҳандозӣ намудааст?

Ба ин ва дигар саволҳои мо духтури қисми санитарии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Мирзоумар Шокиров чунин посух дод:

М.Шокиров: -Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар мавриди  пешгирии зукоми хук ва вируси Зико тамоми шароит муҳайё шудааст. Дар қисми тиббии беҳдоштӣ ва бунгоҳи тиббӣ ҳароратсанҷи масофавӣ (теплосканер), ки аз масофаи беш аз 3 метр баланд будани ҳарорати бадани мусофирро хабар медиҳад, фаъол аст. Дар сурати ошкор шудани беморӣ  мо мусофирро ба хуҷраҳои махсуси маҳкам ворид мекунем ва дар он ҷо муоинаи такрорӣ мегузаронем. Ба ғайр аз теплосканери масофавие,  ки ҳама мусофирон аз он  мегузаранд, мо теплосканери дастиро ҳам харидаем ва ҳамаи кормандони бунгоҳи тиббӣ бо он таъминанд. Барои пешгирӣ ва бехатарӣ аз тарафи фурудгоҳи байналмиллалӣ дар бунгоҳ капсулаи Эбола харид шудааст.  Бемор  дар ин капсула метавонад аз 9 то 12 соат қарор гирад. Капсула  тамоми шароити ҳаётии беморро дар дохил таъмин менамояд. Духтурон метавонанд тамоми муоинаро дар дохил гузаронанд.

«Ховар»: То имрӯз ягон нафар бо нишонаҳои ин ду беморӣ аз ҷониби кормандони фурудгоҳ ба қайд гирифта шудааст? 

М.Шокиров:-Мо ҳоло ягон ҳолати гузаштани мусофиронро бо ин ду намуди беморӣ ба қайд нагирифтаем. Ҳамаи мусофироне, ки хоҳ рӯзона ва хоҳ шабона  парвоз мекунанд ва ё  ба кишварамон  вуруд мешаванд, аз теплосканер мегузаранд. Дар ҳолати пайдо шудани аломати ин бемориҳо мо, албатта, аз он огоҳӣ меёбем.

«Ховар»:Аз ҷониби кормандони фурудгоҳ дар  тайёраҳо корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд?

М.Шокиров:-Ҳамаи тайёраҳое, ки аз фурудгоҳи мо парвоз мекунанд ва ё  фуруд меоянд, бо маҳлулҳои махсуси безараргардонӣ коркард мешаванд. Ин коркарди давравӣ буда, ҳамаи тайёраҳо дар як шабонарӯз як маротиба онро мегузаронанд.

«Ховар»:Барои пешгирӣ ва огоҳонидани мусофирон дар фурудгоҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд?

М.Шокиров:-Албатта. Кормандони фурудгоҳ ба ҳамаи мусофирон китобчаҳои махсусеро, ки вобаста ба бемориҳои сироятӣ омода шудаанд, тақсим мекунанд.  Ҳоло чунин варақаҳо вобаста ба вируси Зика ва зукоми хук таҳия шудаанд ва байни мусофирон ҳам дар фурудгоҳ ва ҳам дар дохили тайёра тақсим мешаванд.

«Ховар»:-Оё эҳтимоли таҳдиди вируси Зика ва зукоми хук  ба Тоҷикистон вуҷуд дорад?

М.Шокиров:-Тавассути нақлиёти ҳавоӣ ҳамеша эҳтимоли таҳдиди ин вирусҳо  ба кишвар мавҷуд аст. Тавре ки медонед, мо ба бисёр шаҳрҳои калони Русия ва  Чин парвозҳоро ба роҳ мондаем. Омадани хомӯшакҳо ба Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест. Дар ин самт дар фурудгоҳ мутахассиси соҳаи ҳашаротшиносӣ фаъолият намуда, пас аз ҳар як парвоз дар ин самт ташхис мегузаронад. Бояд   гуфт, ки барои пешгирии ин вирус мо корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаем ва дар оянда низ идома медиҳем.

 

Суҳбаторо Лайло Қосимова

Февраль 12, 2016 07:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид