ВКХ: Тоҷикистон соли гузашта дар масири ҳифзи манфиатҳои миллӣ қадамҳои устувор гузошт

Февраль 4, 2016 10:22

Душанбе, 04.02.2016 (АМИТ «Ховар») — «Соли гузашта Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон усули эълоншудаи «сиёсати дарҳои боз»-ро идома дода, дар масири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи равобит бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, афзоиши эътимоди дуҷониба, талош барои ҳалли бӯҳронҳои минтақавию ҷаҳонӣ, зиёд намудани теъдоди шарикони стратегӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ қадамҳои устувор гузошт»,-таъкид кард вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии мамлакат, ки дар Душанбе бо ҳузури намояндагони корпуси дипломатии муқими Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ ва хабарнигорони расонаҳои ватаниву хориҷӣ ҷараён дорад
Дар нишаст зикр гардид, ки соли гузашта ҷаҳони муосир шоҳиди густариши терроризму ифротгароӣ, ҷангу хунрезӣ, муқовиматҳои қавмию мазҳабӣ, зиддият миёни қудратҳои бузург, бӯҳронҳои иқтисодӣ, бад шудани вазъи ҳуқуқи башар дар минтақаҳои ноором, афзоиши қашшоқию бенавоӣ, вайроншавии иқлим ва монанди инҳо буд.

Февраль 4, 2016 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид