Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия тақозои замон аст

Февраль 27, 2016 08:42

Душанбе, 27.02.2016 (АМИТ «Ховар»). Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доир намудани раъйпурсии умумихалқӣ тақозои давру замон аст, зеро Тоҷикистон рӯз аз рӯз ба худ шаклу услуби замонавӣ касб карда, бо дигар кишварҳои демократӣ дар як сатҳ меистад. Нишондодҳои оморию баҳогузории ташкилоту созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ гувоҳи онанд, ки Тоҷикистон тавонист дар як марҳилаи кӯтоҳ худро аз бунбасти иқтисодиву иҷтимоӣ берун кунад. Дар баробари рушди кишвар, ҳамқадам бо ин раванд мебояд қонунгузории амалкунандаи кишвар низ такмил ёбад ва рушд кунад.
Мусаллам аст, ки ҳар гуна тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар навбати аввал ба хотири муътадил гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум рӯйи кор меоянд. Дар маҷмуъ, тағйиру иловаҳои воридгашта ба Конститутсияи кишвар, дар муътадилсозии вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат хоҳанд кард. Тоҷикистон дар ҳар марҳилае, ки ба Конститусия тағйиру илова ворид кардааст, он ба талаботу меъёрҳо мутобиқ буда, вобаста ба шароит мукаммал шудаанд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус зикр кард, ки «муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад». Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия низ аз ҳамин иқдомоти Пешвои миллат сарчашма мегиранд.
Воқеан ҳам Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ба эътидол овардани рӯзгору зиндагии мардуми кишвар ҳамарӯза чораҳои муассир рӯйи даст мегирад. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар низ аз ҷумлаи чунин сиёсатҳои оқилонаи Сарвари давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ аст. Ҳарчанд теъдоде аз бадхоҳону душманони тангназари миллат аз дуриҳои дур истода, чунин тағйирот вориднамоиҳову баргузории раъйпурсии умумихалқиро ба гунаи худ баҳогузорӣ мекунанд, аммо магар метавон раъйи мардумро нодида гирифт ва хостаҳои онҳоро амалӣ накард?
Имрӯз ҳамагон хуб огаҳанд, ки чӣ гуна хавфи ифротгароиву терроризм ҷомеаи ҷаҳониро мувоҷеҳ ба хатар гардонидааст. Теъдоде аз бадхоҳони миллат хостанд амалҳои ифротиву террористии худро дар Тоҷикистони осоишта амалӣ созанд. Қонунгузории кишвар барои пешбурди фаъолияти сиёсӣ тамоми шароитро барои ҲНИТ ҳизби алъон мамнуъ эълонгашта муҳаё карда буд, вале он аз доираи қонун берун по ниҳод ва саркардагони ин ҳизби ифротгаро хостанд дар ҳамдастӣ бо чанде аз хоҷагонашон дар кишвар хатар эҷод кунанд. Бо хости Худо тирашон хок хӯрд гашт. Баъд аз чунин амал зарурат ба миён меояд, то банди Конститутсия, ки ба фаъолияти аҳзоби хусусияти мазҳабӣ дошта иҷозати фаъолият дода буд, тағйир ёбад.
Тавре ки мегуянд:
Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат аз кафат берун кунад.
Шукргузор бояд буд, ки Конститутсияи ҷории кишвар барои пешбурди фаъолияти сиёсии ҳар ҳизбу ҳаракат шароити мусоид фароҳам овардааст ва ҳама аҳзоби сиёсӣ бо ҳам ҳуқуқи баробар доранд.
Меъёрҳои Конститутсияи кишвар зербинои устувору мустаҳками сохтори давлатдориамон маҳсуб гашта, миёни дигар конститутсияҳои олам Конститутсияи кишвари мо низ баҳои холисонаи таҳлилгарону коршиносони байналмилалиро ба худ касб кардааст.
Мардуми шарифи моро лозим аст, то дастаҷамъона дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоянд, зеро рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳоро меъёрҳои такмилдодашудаи Конститутсия муайяну муқаррар мекунад. Чунин раванд дар таъмини ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳимоя аз марзу буми Ватан мусоидат хоҳад кард.

Нотариуси давлатии Саридораи
нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лайлӣ Мӯсоева

Февраль 27, 2016 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад