35 шаҳрванди хориҷӣ бо қарорҳои суд аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд
Душанбе, 10.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Кормандони шуъбаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва назорати муҳоҷирати хориҷӣ амалӣ намуда истодаанд.
Бино ба гуфтаи сардори шуъба Сафаралӣ Файзалиев, самтҳои асосӣ ва вазифаҳои шуъба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мунтазам доир намудани амалиёти муштарак барои муайян намудани шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд, муайян кардани шаҳрвандони хориҷие, ки дар миқёси ҷумҳурӣ бе иҷозати расмӣ кору зиндагӣ мекунанд, гузаронидани санҷишҳои назоратӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад.
Кормандони Шуъбаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират дар моҳҳои январ ва феврали соли равон дар асоси нақшаи корӣ ва фармоиши сардори хадамот оид ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, фаъолияти меҳнатӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ амалиёти санҷишӣ гузарониданд. Онҳо 32 субъекти хоҷагидореро, ки ба интиқоли шаҳрвандон ба хориҷи кишвар машғуланд, таҳти санҷиш қарор доданд. Дар вақти санҷиш маълум гардид, ки ҳоло 9 ширкат дар асоси иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷират фаъолият доранд ва дар моҳи январ ва феврали соли равон ба Хадамоти муҳоҷират ҳисобот оид ба фаъолияташонро пешниҳод намуданд.
«3 ширкат муҳлати эътибори иҷозатномаашон ба охир расида, суроғаи ҳуқуқияшон вуҷуд надоранд. Аз сабаби фаъолият надоштани субъекти хоҷагидор иҷозатномаҳои Хадамоти муҳоҷират бозхонд шуданд. Дар ду моҳи соли равон аз тарафи кормандони шуъба дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 ширкате, ки ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ машғуланд, таҳти санҷиш қарор дода шуд»,-илова намуд С. Файзалиев.
Бино ба маълумоти мусоҳиб, дар вақти гузаронидани санҷишҳо муайян шуд, ки дар ин ширкатҳо 285 шаҳрванди хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буда, дар баробари онҳо 384 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ширкатҳо низ бо ҷои кор таъмин шуданд.
Дар натиҷа бо мусоидати кормандони шуъбаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар моҳҳои январ ва феврали соли равон 80 шаҳрванди хориҷие, ки барои гирифтани иҷозат барои кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро амалӣ менамоянд, ба шуъбаи иҷозатномадиҳии Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ равон шуданд.
Ҳоло мутахассисони хориҷӣ асосан аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Русия, Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Итолиё, Покистон, Молдова ва Қирғизистон дар кишвар кор мекунанд.
Аз натиҷаи санҷишҳо дар моҳҳои январ ва феврали соли равон аз ҷониби кормандони Шуъбаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ нисбат ба 41 шаҳрванди хориҷӣ барои риоя накардани қоидаҳои будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаҳои 138 ва 499-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Точикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, 35 нафари онҳо бо қарорҳои суд аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.








Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид






