Андешаи адибон дар бораи Наврӯз ва Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз

Март 21, 2016 10:11

Душанбе, 21.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Иди Наврӯз ҳамчун иди миллӣ ва бостонии мардуми форсу тоҷик  то имрӯз аҳамияти таърихии хешро гум накардааст. Чанд рӯз аст, ки мардуми тоҷик ин иди байналмилалиро таҷлил менамояд. Имсол дар рӯзҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистон Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз оғоз гардид, ки то 24-уми март дар шаҳру навоҳии мухталифи кишвар идома хоҳад ёфт. Ба ин хотир хабарнигори АМИТ «Ховар» тасмим гирифт ба адибоне, ки аз кишварҳои ба мо дӯст дар ин ид ҳузур доранд, муроҷиат намуда, андешаҳои онҳоро дар мавриди ҷашни Наврӯз ва Ҳамоиши байналмилалии  адибони ҳавзаи Наврӯз пурсон шавад:

Саидризо Муҳаммадӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Афғонистон гуфт: «Ин ҳамоише, ки Ҳукумати Тоҷикистон барпо кардааст, як кори бузург аст. Ҷашни Наврӯз мероси куҳани ниёгон ва аҷдоди бузургвору фарзонаи мост. Гиромӣ доштани ин расм аз некӯтарин корҳоест, ки имсол бо ҳиммати Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст ва ба он аз тамоми кишварҳои ҳавзаи байналмилалии Наврӯз намояндагон  ташриф овардаанд. Қобили таъкид аст, ки ин ҷашни бисёр бузург бо азамату шаҳомати хосса сурат гирифта  истодааст».

Соҳибназари Муродӣ, яке аз иштироккунандагони Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз мехоҳад, ки Тоҷикистон дар ин ҷашнҳо ҳамеша пешқадам бошад ва аз иштироки худ дар  ҳамоиши мазкур хурсанд аст. Инчунин мавсуф зикр кард, ки: «Албатта, Наврӯз ҷашни ҳамаи мост. Ман шод ҳастам, ки ҷамъомадҳое, ки ба хотири Наврӯз сурат гирифта истодаанд, бисёр дилгармкунандаю фараҳбахшанд. Аз созмондиҳандагони як ҳамоиши бузург бо номи Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз сипосгузорам, зеро ин метавонад дар оянда фарҳангу адабиёти мардуми форсизабонро бо ҳам  бипайвандад. Ин як қадаме мебошад барои ҳамбастагии бештари мо, тоҷикони ҷаҳон».

Солеҳмуҳаммади Холиқ, раиси фарҳанги вилояти Балхи Афғонистон ва раиси Иттифоқи нависандагони Балх ташкил намудани ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯзро барои боз ҳам таҳким бахшидани дӯстӣ миёни форсизабонон ва тоҷикони ҷаҳон кори азиме арзёбӣ намуда, чунин гуфт: «Ҳамоише, ки бо номи Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз баргузор гардида истодааст, дарвоқеъ, тамоми адибони форсизабони саросари ҷаҳонро дар ш. Душанбе ҷамъ овардааст. Мо метавонем аз ин ҳамоиш тавре баҳрабардорӣ кунем, ки миллатҳои мо, мардуми мо бештар аз пештар наздик шаванд ва равобиту муносиботи  дӯстонаи мардуми форсизабон бо тоҷикони ҷаҳон боз ҳам таҳким ёбад ва устувортар гардад».

Муҳаммадкозими Козимӣ, намоянда аз Ҷумҳурии исломии Эрон мегӯяд, ки «ин аввалин сафаре аст, ки ман ба Тоҷикистон омадам. Барои ман бисёр писанд омад, ки байни ҳамзабонони тоҷики мо маросими Наврӯзи бостонӣ бо ин шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Ман хеле  хушҳол ҳастам, ки дар ҷашни Наврӯзи Душанбе иштирок дорам. Аз аввалин лаҳзаҳое, ки мо вориди Тоҷикистон шудем,   мизбонон ба истиқболамон омаданд ва  ба мо бисёр меҳмондорӣ ва меҳрубонӣ карда истодаанд. Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз бори дигар пули миёни тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳонро барқарор кард, ки мо аз ташкилкунандагони он, бахусус Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле миннатдорем».

Масъуди Сипанд, шоири ориёие, ки аз Амрико барои иштирок ба ин ҳамоиш омадааст, ба ин андеша аст: «Ман, пеш аз ҳама, барои ташкил намудани чунин як ҳамоиш дуруди бепоёни худро ба Президенти  Тоҷикистон мерасонам. Ӯ Наврӯзро ҷаҳонӣ кардааст ва имрӯз мо, ориёиҳо аз Амрикову Олмон, Чину Ҳиндустон,  Покистону Эрон ва Афғонистону чандин кишвари дигар дар ин иди пуршукӯҳу шаҳомат ширкат варзида истодаем. Аз қадимулайём Наврӯзро дар ҳамаи гӯшаю канори ҷаҳон бо тарзҳои гуногун ҷашн мегирифтанд. Ман то ба имрӯз ҷашнеро монанди Наврӯзи Тоҷикистон дар олам надидаам.

Таҳияи Шукӯҳи Далер

Март 21, 2016 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст
Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад