Артиши Нигерия беш аз 60 нафарро аз асорати гурӯҳи ифротии «Боко ҳарам» озод кард
Душанбе, 04.03.2016. (АМИТ «Ховар»). «Артиши ҳукумати Нигерия зимни як амалиёт дар қисмати шимолу шарқи ин кишвар 63 нафарро аз асорати гурӯҳи ифротии «Боко ҳарам» озод кард. Дар ин бора намояндаи расмии қувваҳои мусаллаҳи Нигерия Санӣ Усмон хабар дод.
Бино ба гуфтаи ӯ, амалиёт дар маҳалҳои аҳолинишини Лавин Мелерӣ, Матирӣ Булака ва Алҷерӣ гузаронида шуд. Зимни амалиёт 5 ҷангии гурӯҳи ифротии «Боко ҳарам» маҳв гардида, миқдори зиёди аслиҳаи онҳо мусодира шудааст. Илова бар ин, ба неруҳо муяссар гардидааст, ки бошгоҳи ин гурӯҳи ифротиро дар ҷангалзори Алагарнои иёлати Борно муайян ва хароб созанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






