ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатию миллӣ маҳсуб шуда, таҷассумгари таърих, фарҳанг, тамаддун, ҳувияти миллӣ, ҳамбастагӣ ва истиқлолияту озодӣ дониста мешавад. Парчам, қабл аз ҳама, рамзи қудратмандӣ, ҳикмату ҳамбастагӣ ва намоди мавҷудияти миллату давлати мустақил мебошад. Ҳар миллати соҳибдавлат бо рамзҳои муқаддаси худ, аз ҷумла Конститутсия, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ифтихор менамояд. Парчами давлатӣ на танҳо як матои рангоранг, балки нишони ҳастии миллат, ваҳдати мардум, озодӣ ва соҳибихтиёрии давлат арзёбӣ мегардад. Барои миллати тоҷик ва сокинони шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Парчами давлатӣ мақоми хосса дошта, рамзи давлатдорӣ, озодию мустақилият, ҳамбастагию ҳаммаромӣ, тавонмандиву сарфарозӣ ва ифтихори миллӣ ба ҳисоб меравад.
— Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Парчами миллӣ чунин арзёбӣ намудаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг — ранги сурх — озодиву истиқлол, ранги сафед — сулҳу оромӣ, ранги сабз — ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳию қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад».
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ҳазорсолаҳо таърихи пурифтихор ва муборизаҳои зиёди фарзандони фарзонааш 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатиро ба даст овард. Ин рӯйдоди таърихӣ барои миллати сарбаланди тоҷик оғози марҳилаи нави давлатдорӣ ва давлатсозӣ гардид. Дар ин давра зарурати қабули рамзҳои нави давлатӣ ба миён омад, зеро ҳар давлати соҳибистиқлол бояд дорои рамзҳое бошад, ки мустақилият ва ҳувияти миллии онро ифода намояд.
Ҳамин тавр, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон рӯз инҷониб Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои асосии истиқлолияти кишвар дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҷойгоҳи махсус пайдо намуд. Бо мақсади гиромидошти ин рамзи муқаддас ҳамасола 24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин ҷашни миллӣ нишонаи бедор намудани ҳисси миллии насли ҷавон, варақ задани таърихи пурифтихор ва шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ маҳсуб шуда, бори дигар моро ба андешаи созандагиву меҳандӯстӣ ва хидмат дар роҳи Ватан мебарад.
Тавре маълум аст, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ иборат аст: рахи боло сурх, рахи миёна сафед ва рахи поён сабз мебошад. Дар маркази рахи сафед тоҷ ва ҳафт ситораи тиллоранг ҷойгир шудаанд. Ҳар ранг ва унсури парчам дорои маънои амиқи таърихию рамзӣ буда, арзишҳои миллии моро таҷассум менамояд. Ранги сурх рамзи муборизаю ҷоннисории халқ барои озодӣ, истиқлолият ва ҳифзи Ватан мебошад. Ин ранг инчунин нишонаи шуҷоат, далерӣ ва неруи созандагии миллати тамаддунофари тоҷик мебошад. Ранги сафед рамзи покӣ, сулҳу осоиш, бахту саодат ва нияти неки миллати тоҷик аст. Ҳамзамон ранги сафед рамзи барфу кӯҳҳои сарбаланди Тоҷикистон буда, зебоии табиати нотакрори кишвари моро инъикос менамояд. Ранги сабз рамзи сарсабзӣ, ободонӣ, ҳаёти осоишта, табиати зебо ва умед ба ояндаи дурахшон мебошад.
Дар маркази Парчами давлатӣ тоҷи заррин ва ҳафт ситора ҷой гирифтааст, ки тоҷ рамзи соҳибдавлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва таърихи куҳани давлатдории миллати тоҷикро ифода менамояд. Он ҳамчунин бо номи Тоҷикистон, яъне сарзамини тоҷикон робитаи маънавӣ дорад. Ҳафт ситора дар фарҳанги миллати сарбаланди тоҷик рамзи хушбахтӣ, камолот, саодат ва ҳафт иқлим дониста мешавад. Рақами ҳафт дар таъриху фарҳанги миллати мо мақоми хосса дошта, рамзи муқаддас ва некӣ арзёбӣ мешавад.
Парчами миллӣ моро ба гузаштаи пурифтихори халқамон мепайвандад. Миллати тоҷик дорои таърихи беш аз шашаҳазорсола буда, давоми асрҳо бо фарҳанг, забон, адабиёт, илму ҳунар ва анъанаҳои неки худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштааст. Аз давраҳои қадим то имрӯз ниёгони мо барои ҳифзи сарзамин, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ талош кардаанд, сарзамини муққаддаси хешро зери як парчам ва як маром ҳимоят фармудаанд, ки ҳоло Парчами давлатӣ ҳамчун идомаи рамзии ин таърихи пурғановат, муборизаву ҷонфидоиҳо, талошу созандагиҳо моро ба дӯст доштани Ватани маҳбубамон ва ҳифзи истиқлолият ҳидоят менамояд.
Барои миллати тамаддунсоз ва фарҳангии тоҷик истиқлолияти давлатӣ имконияте фароҳам сохт, ки сарнавишти хешро мустақилона муайян намуда, роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худро интихоб намояд. Дар ин раванд Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ягонагии миллат ва соҳибихтиёрии мамлакат аҳаммияти бузург дорад. Зеро, ҳар боре ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар парафшон мегардад, дар қалби ҳар шаҳрванди ватандӯст ҳисси ифтихор ва муҳаббат ба Ватан боз ҳам афзунтар мегардад.
Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчамро рамзи ваҳдату ҳамдилӣ ва унсури иттиҳодсоз, нишони бақо унвон намуда, чунин фармудаанд: «Парчами давлатӣ барои мо — тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад».
Дарвоқеъ, ҳар замоне Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон мегардад, инсон ба андеша меравад ва бо ҳисси баланди ифтихор ва сарфарозӣ ба ёди масъулияти шаҳрвандӣ ва садоқат бар Ватан меафтад. Чунки бақои давлату миллат, парафшонии Парчами давлатии мо аз замири пок, муҳаббати баланд бар ватан ва талошу кӯшишҳои ватандӯстонаи ҳар шаҳрванди бедордилу меҳанпараст вобаста аст. Ҳар лаҳзаи садоқат бар Ватан як саҳифаи нави меҳандӯстӣ ва арҷгузорӣ бар арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ мебошад.
Шукр аз истиқлолу озодӣ, ки ҳоло Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми чорабиниҳои муҳими давлатӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ барафрохта мешавад ва ин ифтихори бузург мебошад. Парчами давлатиро дар назди биноҳои мақомоти давлатӣ, сафоратхонаҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ дидан мумкин аст, ки ин рамзи муҳаббати миллат бар Ватан ва соҳибдавлатӣ мебошад. Ҳамзамон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол доимо парафшон мебошад, ки ин эътироф аз давлатдории миллии тоҷикон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Лаҳзаи бисёр ҷолиб ва ифтихоровар он аст, ки вақте ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ғолиб омада, ба ин ифтихор Парчами миллиро баланд мебардоранд, дар ин лаҳзаҳо Суруди миллӣ садо медиҳад ва вуҷуди ҳар фарди бедордили кишварро аз ин дастоварди бузург ифтихор фаро мегирад. Албатта, дар чунин лаҳзаҳо мо эҳсос менамоем, ки парчам танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон мебошад.
Ин нуктаро ҳам бояд таъкид намуд, ки Парчами давлатӣ дар тарбияи насли наврасу ҷавон низ нақши бисёр ҳам муҳим дорад. Ҳар ҷавони тоҷик бояд таърих, маъно ва аҳаммияти рамзҳои давлатии худро донад ва онҳоро эҳтиром намояд. Зеро эҳтиром ба Парчам ин эҳтиром ба Ватан, миллат, таърих ва арзишҳои миллӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, дар муассисаҳои таълимӣ бояд ба масъалаи тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтироми рамзҳои давлатӣ диққати ҷиддӣ дода шавад. Чунки тарбияи баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ маҳз аз ҳамин лаҳзаҳо оғоз гардида, бо донистану арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг ва рамзҳои муқаддаси миллӣ такмил меёбад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баракати соҳибистиқлолӣ ва суҳу субот дар рушди илму маориф, фарҳанг ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад. Сохтмони роҳҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо ва иншооти гуногуни иҷтимоӣ аз ҷумлаи дастовардҳое мебошанд, ки ба беҳтар намудани зиндагии мардум ва ободии кишвар равона карда шудаанд.
Дар шароити феълӣ ва вазъи пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлолият ва таҳкими давлатдории миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои инсонӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин шабу рӯз ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ягонагии ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа дошта, беш аз ҳарвақта аз шаҳрвандон ҳушёриву зиракӣ ва ҳаммаромиву якдилиро тақозо менамояд. Албатта, Парчами давлатӣ моро ба муттаҳидӣ, дӯстиву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ даъват менамояд ва якдилӣ дар зери як парчам нишон аз қудрату тавонмандиҳои миллати тоҷик мебошад, ки аз фарҳанги гузаштагонамон ба мо мерос мондааст.
Эҳтироми Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд на танҳо дар рӯзҳои ид ва чорабиниҳои расмӣ, балки дар зиндагии ҳаррӯзаи мо ҷой дошта бошад. Зеро Парчам таҷассумгари мустақилияти давлат ва рамзи шарафи миллат, якмаромиву якдилии ҷомеа мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи муқаддаси давлатдорӣ, озодӣ, истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ҳар шаҳрванди соҳибдарку бедордили кишвар буда, моро ба гузашта мепайвандад, дар замони ҳозира муттаҳид месозад ва ба сӯи ояндаи дурахшон роҳнамоӣ менамояд.
Парчами миллӣ муқаддас аст ва муқаддас донистани он аз фарҳанги қадимии миллати тоҷик дарак медиҳад.
Давлат ДАВЛАТЗОДА,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон








Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид






