Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Белгия
Душанбе, 22.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Белгия Филипп Леополд Людовик Мария барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Аълоҳазрат,
Хабари мудҳиши силсилаи таркишҳои фоҷеабори террористиро дар фурудгоҳ ва метрои шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия, ки муҷиби ҳалокати даҳҳо мардуми бегуноҳ ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон гаштаанд, бо андӯҳи бузург дарёфтам.
Мавҷи даҳшатангезу ғайриинсонии амалҳои террористӣ, ки имрӯзҳо кишварҳои гуногуни оламро фаро гирифтаанд, боиси нигаронии шадиди аҳли сайёра гардида, бори дигар зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ин вабои аср қотеъона таъкид менамояд.
Бо изҳори таъзияву тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Шоҳигарии Белгия ва ҳамдардии амиқ ба наздикони қурбоншудагон орзуманди шифои комили осебдидагон ҳастем».








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд






