Баргузории семинари байналмилалӣ дар мавзӯи «Экспертизаи одилонаи судӣ»
Душанбе, 04.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -«Ин чорабинӣ барои амалигардонии «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» аҳамияти муҳим дорад. Мақсади асосии барнома таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, содагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилот, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии кишвар мебошад»,-иброз намуд раиси Шӯрои адлияи кишвар Муродзода Дӯсмурод имрӯз зимни ифтитоҳи семинари сатҳи байналмилалӣ таҳти унвони «Экспертизаи одилонаи судӣ» дар доираи «Ташаббуси волоияти ҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ».
Семинар дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаҳои дипломатии кишварҳои Русия, Қазоқистон, Фаронса, Олмон, Финляндия, Британияи Кабир, намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилоти байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Дар сатҳи байналмилалӣ баргузор гардидани семинар дар фазои мубодилаи афкор байни мутахассисон ва соҳибкорони давлатҳои мухталиф аҳамияти семинари имрӯзаро дар муттаҳидсозии ҳамкории ҷомеаи байналмилалии ташхиси судӣ ва дурнамои инкишофи фаъолияти экспертӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас меафзояд,-афзуд раиси Шӯрои адлияи кишвар Муродзода Дӯсмурод.
Вазифаи ташхиси давлатии судӣ муайян кардани ҳолатҳое мебошад, ки онҳо бо қарорҳои судҳо, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, инчунин дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба воситаи гузаронидани ташхиси давлатии судӣ бояд исбот шавад.
Дар семинар зикр гардид, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон зарурати ба таври куллӣ сохтани тамоми пояҳои ҳуқуқие, ки асоси ҳуқуқӣ ва вазифаҳои асосии фаъолияти ташхиси давлатии судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамуд, пайдо шуд.
Бо назардошти аҳамияти донишҳои махсус дар рушди ҷомеа ва давлат, инчунин тақвияти минбаъдаи адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 июли соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ ва вазифаҳои асосии фаъолияти ташхиси давлатии судиро дар кишвар муайян намуд.
Хулосаи асосноки коршиносони судӣ дар маҷмӯъ бо дигар далелҳои дар ҷараёни тафтиши пешакӣ бадастомада бояд асосҳои боэътимоди банду басти кирдори шахсони ҷиноятсодиркарда, эълон намудани айб ва баровардани қарорҳои одилонаи судӣ мегардад.
Иштирокдорон доир ба мавзӯъҳои «Мақом ва муқаррароти танзимкунандаи вазъи эксперти судӣ», «Вазъият ва дурнамои инкишофи экспертизаи судӣ-тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи минбаъдаи он», «Мақоми ҳуқуқии эксперти судӣ дар Финляндия», «Экспертизаи маводи мухаддир дар шароити муосир» андешаронӣ намуданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






