Беш аз 14 ҳазор сокини шаҳри Турсунзода дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд

Март 10, 2016 08:46

Душанбе, 10.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Бино ба гуфтаи сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода Суҳроб Ҷумъаев тибқи ҳисоботи омории давлатӣ 14 ҳазору 224 сокини шаҳри Турсунзода дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Аз ин теъдод 12 ҳазору 160 нафар мардон ва 2 ҳазору 064 занҳо мебошанд. Дар ду моҳи аввали соли равон аз хориҷи кишвар ба ҷойҳои зисти худ 870 муҳоҷири меҳнатӣ баргаштанд, ки 73 нафари он зан мебошад. Аз теъдоди баргаштагон 15 нафар дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо ҷойи кор таъмин гардида, 18 нафари он ба касбомўзӣ сафарбар гардиданд.
«Дар соли равон ба шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода 739 муҳоҷири меҳнатӣ муроҷиат намуда, аз ин теъдод 64 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Муайян гардид, ки аз ин шумора 428 сокинони шаҳр дар махзанаи мамнуъшудагон қарор доранд»,-илова намуд мусоҳиб.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр, литсейҳои касбӣ- техникӣ ва маркази таълимию соҳибкорӣ, барои баланд бардоштани малакаи касбии шаҳрвандон курсҳои кутоҳмуддатро ба роҳ мондаанд. Дар соли равон дар он 163 сокини шаҳри Турсунзода, аз ҷумла 58 нафар дар курсҳои омўзиши забони хориҷӣ ва 105 нафар барои омўхтани касбҳои гуногуни коргарӣ машғул шуданд. Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Муҳоҷир», КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон» ва МД «Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷа» интиқоли қувваи корӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо дархости субъектҳои хоҷагидор ташкил намудааст.
Аз шаҳри Турсунзода барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба вилоятҳои Иркутск, Волгоград ва Новосибирски Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон беш аз 9 муҳоҷири меҳнатӣ омода ва дар моҳи марти соли равон ба хориҷ равона мешаванд.
Сӯҳроб Ҷумъаев аз ҷумла гуфт, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз минтақаи зериобмонии неругоҳи барқии обии Роғун кўчонидани аҳолии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод ба шаҳри Турсунзода аз соли 2010 то соли 2014 — 571 оила ба шаҳри Турсунзода кӯчонида шуда, дар ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов, деҳаи Тойчӣ ба ҳар як оила қитъаи замин бо масоҳати 0,08 га барои сохтмони манзили зист ҷудо гардид.
«Дар айни замон дар мавзеи нави зист 554 нафар дар қайди ҷамоат гирифта шудаанд. Аз ин шумора 373 оила сохтмони хонаро пурра омода намуда, 97 оила девори хонаро бардоштанд, 101 оила умуман ба сохтмони манзили истиқоматиашон шуруъ накардаанд. Ба ҳолати имрўза 179 оила дар мавзеи нав истиқомат доранд»,-гуфт С.Ҷумъаев.
Барои бокортаъминкунӣ дар марказҳои таълимии калонсолон 112 нафар ба касбомўзӣ ҷалб гардида, 50 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардидаанд, 41 нафар имрўз дар ташкилоту муассисаҳои шаҳр фаъолият доранд.
Бояд гуфт, ки муҳоҷирони экологӣ бо бунгоҳи тиббӣ, мактаб ва оби нўшокӣ пурра таъмин шуда, роҳҳои дохилӣ мумфарш шудаанд.

Март 10, 2016 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобдорӣ муҳим аст
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, шанбе, 263-юмин рӯзи соли 2025 аст
Ҳамкории мақомоти ноҳияи Шаҳринав ва Сафорати Ҷопон дар самти рушди соҳаи маориф тақвият меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Интернети хонагӣ бештар дастрас гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИМА барои дастгирии аҳолии Тоҷикистон 75 тонна ғизои ғанигардонида кумак расонид
Сокинони Рашт ба густариш бахшидани худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ даъват карда шуданд
«Биё! Бисоз 2.0»: тарофаи шумо — қоидаҳои шумо
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад