Бо маблағгузории БОР инфрасохтори муассисаҳои касбию техникӣ таҷдид мегардад
Душанбе, 10.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Парлумони Тоҷикистон Созишномаи маблағгузорӣ оид ба лоиҳаи тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушдро/БОР/ ба тасвиб расонд. Ҳаҷми маблағузории лоиҳаи мазкур 34 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 15 миллион доллар қарзи имтиёзнок ва 15 миллион доллар ҳамчун грант аз ҳисоби БОР аст. Инчунин барои татбиқи лоиҳаи мазкур 2 миллион доллар аз ҳисоби маблағҳои Хазинаи неруи тоза чудо шуда, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 2 миллион долларро ташкил медиҳад.
Сумангул Тағойзода-вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар зимни тавзеҳи санади мазкур дар Парлумони мамлакат гуфт, ки мақсади асосии лоиҳа тақвияти методологияи сохтори маълумоти касбии техникӣ ва таълими калонсолон, таъмири асосии инфрасохтори таълимгоҳҳои интихобшуда, беҳтарнамоии дастрасӣ ба барномаҳои муҳими муассисаҳои маълумоти касбӣ- техникӣ аст.
Лоиҳаи мазкур дар асоси «Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон то соли 2015» таҳия гардида, ҳадафи асосии он рушд ва инкишофи захираҳои меҳнатии баландихтисоси миллӣ мебошад. Оғози татбиқи корҳои лоиҳаи мазкур моҳи марти соли равон шурӯъ гардида, дар зарфи панҷ сол, яъне то моҳи марти соли 2021 ба анҷом расонида мешавад.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур 29 муассисаи касбию техникӣ, ки дар оянда аз рӯи 17 ихтисос мутахассисонро дар доираи талботи бозори меҳнат омода менамоянд, таъмиру таҷдид мегарданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






