Боздиди адибони ҳавзаи Наврӯз аз мавзеи Лучоб ва муҷассамаи Сино
Душанбе, 19.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Наврӯз имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили шеърхонии наврӯзӣ баргузор гардид. Оғози ин маҳфил аз гулгузорӣ ва истиқболи адибони ҳавзаи Наврӯз дар мавзеи Лучоб дар оромгоҳи бузургони миллати тоҷик сурат гирифт. Дар чорабинӣ беш аз сесад устоду донишҷӯёни ДМТ иштирок намуданд. «Бояд гуфт, ки соли 1967 низ чунин як маҳфил баргузор гардида буд. ДМТ яке аз ташаббускорон ва истиқболгирандагони асосии он ҷашнвора буд ва онҳо ин анъанаро баъди 49 сол дар ДМТ идома дода истодаанд. Аз пояи мақбараи устод Мирзо Турсунзода оғоз кардани ин маҳфил нишони эҳтиром ба рӯҳи бузургони миллат ва идома додани анъанаи неки онҳо мебошад»,-чунин гуфт ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Маҳмадюсуф Имомзода.
Шоистаи Равшан, нависанда аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин ҳамоиши хеле бузургро омода кардааст, миннатдорӣ карда, гуфт: «Аввал бояд бигӯям, ки истиқбол чӣ қадар хуб буд ва аз пазироӣ хеле хушҳол ҳастам. Ман фикр мекунам, ки «соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост». Оғоз хеле зебо ва олӣ буд ва итминон дорам, ки чанд рӯзи дигаре, ки ин ҷо ҳастем, барномаҳо хеле рангин хоҳанд буд. Ин ҳамоиш як омили хубест, ки байни тоҷикон ва кишварҳои гуногуни дунё дӯстиро зиёд мекунад ва пайвандӣ меорад».
Сипас онҳо ба назди муҷассамаи яке аз нобиғагони илми тибби ҷаҳонӣ- Абӯалӣ ибни Сино рафта, дар он ҷо гулчанбар гузоштанд.
Дар ҳарду мавзеъ донишҷӯён ба адибони ҳавзаи Наврӯз аз ашъори шоирони классики тоҷик шеъру рубоиҳо қироат карданд.
Шоири ориёӣ Масъуди Сипанд, ки аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои иштирок дар ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ба Душанбе омадааст, хеле хушҳол буда, чунин гуфт: ин кори азиме, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд, то Наврӯзро ҷаҳонӣ кунанд, аз беҳтарин корҳоест, ки ин кишвар метавонист анҷом диҳад. Миннатдории худро ба Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам, ки ин ҳамоишро барпо кардаанд ва шоирону нависандагони ҷаҳонро даъват кардаанд. Хушҳол ҳастам, ки дар ин ҳамоиш иштирок дорам.
Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ҳоло дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






