Данғара: Мулоқот бо ҷавонон
Душанбе, 18.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Данғара вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилзода Нурулло бо ҷавонони ноҳия баргузор гардид. Оқилзода Нурулло оид ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ва «Дар бораи волонтёрон» сухан гуфта, бобҳо ва моддаҳои онро ба таври мушаххас ба аҳли нишаст фаҳмонд.
Оқилзода Нурулло ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷавонон андешаҳояшро изҳор дошта, онҳоро ба самаранок истифода бурдани вақт ва сарф намудани он барои омӯзиши касбу ҳунар ҳидоят намуд.
Дар интиҳо дар байни вакил ва иштирокдорон саволу ҷавоб баргузор гардид.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






