Дар оянда моликияти манқул ба сифати гарав ҳангоми гирифтани қарз истифода бурда мешавад

Март 11, 2016 17:18

Душанбе, 11.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — «Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мехоҳад барномаи дастгирии низоми гарав ва истифодаи моликияти манқулро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хусусан Тоҷикистон пешбарӣ намояд, зеро дар кишварҳои рушдкунанда, чун Тоҷикистон субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар гирифтани қарз аз ташкилоти қарзӣ ва бонкҳо ба мушкилот дучор мешаванд. Яке аз сабаҳои ин мушкилот он аст, ки соҳибкорони инфиродӣ ва субъектҳои соҳибкории хурду миёна моликияти ғайриманқул надоранд Моликияти ғайриманқул яке аз шартҳои гирифтани қарз аз бонк мебошад»,- гуфт сармушовири Лоиҳаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҳкими зербинои молиявӣ дар Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, департаменти таҷрибаи ҷаҳонӣ оид ба моликияти манқул дар гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (ACAFI) Мурод Султонов зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, соҳибкорони хурду миёна ва инфиродӣ соҳиби дигар дороиҳо буда, ин дороиҳо дар шакли молҳои манқул ифода ёфтаанд ва албатта, бонкҳо хоҳиши ин молҳоро ба сифати гарав ҳангоми додани қарз қабул намекунанд. Моликияти манқул гуфта, мо дороиҳои арзишноки соҳибкорон, ба монанди таҷҳизот, мошин ва молҳои дар гардишбударо дар назар дорем.
«Сабаби қабул нашудани молҳои манқул аз ҷониби бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ ба сифати андоз он аст, ки алҳол дар Тоҷикистон чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ ва низоми институтсионалӣ барои қабул кардани моликияти манқул ба сифати гарав ташаккул наёфтааст. Бинобар ҳамин ин низом ба ислоҳот ниёз дорад»,-илова намуд М.Султонов.
Ба гуфтаи мусоҳиб, аз ҳамин сабаб Ҳукумати ҶТ дар якҷоягӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва лоиҳаи мо мақсад доранд, ки ба санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии дахлдор тағйиру иловаҳо ворид кунанд.
«Дар ин ҷо кодекси гражданӣ, кодекси мурофии гражданӣ ва ғайра ба назар гирифта шудааст. Мо умедворем, ки ин тағйиру иловаҳое, ки аз ҷониби коршиносон омада шудаанд, аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ва Парлумон қабул мешаванд ва он имкон медиҳад, ки моликияти манқул ба сифати гарав ҳангоми гирифтани қарз истифода шавад»,илова намуд мусоҳиб.
Таҳияи Лайло Қосимова

Март 11, 2016 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст