Даври сеюми бозиҳои КФО

Март 17, 2016 10:07

Душанбе, 17.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар радифи бозиҳои Ҷоми КФО, ки дастаи “Истиқлол”-и Душанбе аз “Нафт Алвасат”-и Ироқ бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб гардид, дар дигар гурӯҳҳо низ бозиҳои даври сеюм ба анҷом расиданд. Намояндаи футболи Туркманистон “Алтин Асир” дар гурӯҳи “А” дар сафар бо дастаи “Алваҳдат”-и Урдун мусобиқа ороста, онро бо натиҷаи 1 бар 1 ҷамъбаст кард ва дар ин гурӯҳ бо 5 имтиёз дар зинаи дуввум аст. Пешсафи ин гурӯҳ “Алаҳад”-и Лубнон дар сафар “Алҳидд”-и Баҳрайнро бо нишондоди 5 бар 2 саркӯб кард.
Дар гурӯҳи “С” “Алваҳда”-и Сурия бар “Айр Форс”-и Ироқ бо натиҷаи 5 бар 2 ва “Оруба”-и Уммон бо “Алдаҳрия”-и Фаластин бо ҳисоби 0 бар 0 бозиҳояшонро ҷамъбаст карданд. “Айр Форс” бо шаш имтиёз пешсаф мебошад.
Ниҳоят дар гурӯҳи “Д” “Аҳли Алхалил”- рақиби собиқи “Хуҷанд” аввалин комёбиашро дар гурӯҳ ба даст оварда, дар майдонаш “Фанҷа”-и Уммонро бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб намуд.
“Алмуҳаррақ”-и Баҳрайн дар ин гурӯҳ бо 6 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳ қарор дорад.

Март 17, 2016 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод