Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 9 ноябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 15-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш баргузор мегардад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ аз Тоҷикистон ҳафт паҳлавон иштирок мекунад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳақдод Гулов дар вазни то 60 кг, Сарвар Абдушукуров дар вазни то 66 кг, Умар Шеров дар вазни то 73 кг, Наврӯзи Каримзод дар вазни то 81 кг, Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кг, Саидҷамол Алимардонов дар вазни то 100 кг ва Фирдавс Насимов дар вазни то 120 кг дохил шудаанд.
Паҳлавонони тоҷик дар ин чемпионати ҷаҳонӣ бо намояндагони давлатҳои гуногун рақобат намуда, барои ба даст овардани медалҳо ва муаррифии шоистаи варзиши Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош хоҳанд кард.
АКС аз манбаъҳои боз








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






