Генерал- майор роҳбари нави дастгоҳи ММ МО

Март 4, 2016 15:06

Душанбе, 04.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-Абдуҷаббор Шамсзода, ки қаблан дар мақомоти прокуратураи кишвар фаъолият мекард, роҳбари нави дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Ба ин вазифа Абдуҷаббор Шамсзода дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллӣ муаррифӣ шуд. Шамсзода 54 сол дошта, аз рӯи ихтисос ҳуқуқшинос аст. Мавсуф қаблан дар вазифаҳои прокурори ноҳияҳои Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва шаҳри Ҳисор, инчунин ба ҳайси муовини прокурори вилояти Хатлон фаъолият намудааст.
Мавсуф ҳамзамон дар мансаби муовини вазири корҳои дохилии кишвар кор карда, дорои рутбаи низомии генерал-майори милитсия мебошад. Инчунин Шамсзода ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардида, дар палатаи поёнии Парлумони кишвар фаъолияти парлумонӣ ҳам кардааст.
Мавриди зикр аст, ки қаблан дар вазифаи роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар Мизроб Кабиров фаъолият мекард. М. Кабиров чанде пеш роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ё худ палатаи поёнии Парлумони мамлакат таъин гардид.

Март 4, 2016 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид