Хусусиятҳои терроризму экстремизми замони муосир ва роҳҳои мубориза бо он

Март 7, 2016 09:10

Душанбе, 07.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Мушкилӣ ва хатари рақами 1-и ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳон терроризм мебошад. Террор моҳиятан таърихи куҳан дорад. Ҳатто таърихи он бо пайдоиши ҷамъият баробар аст. Аммо вобаста ба шароит ва ҳолатҳо террор дар шакл ва сатҳҳои гуногун амалӣ карда мешуд. Дар баъзе ҳолатҳо амалиёти террористӣ дар зери шиорҳои роҳ ба сӯи озодию адолат сурат мегирифтанд. Имрӯз ҳодисаҳои таърихии ба ҳамагон маълуме ҳастанд, ки ҳамчун амали ҷавонмардона сабт шудаанд, вале гурӯҳҳое ҳастанд, ки онҳоро ба ҳаракатҳои террористӣ шабоҳат медиҳанд. Чунин мушкилӣ дар шароити имрӯза чандон кам нагаштааст. Шояд сабаби инро баъзеҳо дар тобиши илмии нокомил ёфтани мафҳуми «террор» ва «терроризм» донанд, вале дар асл чунин нест. Дар аксарият адабиёти муосири илмӣ амалиёти террористии замонро бо манфиатҳо ва ҳадафҳои сиёсӣ пайваст медонанд, танҳо дар зери ниқоби масъалаҳои динию мазҳабӣ, миллию сарҳадӣ ва ғайра арзи ҳастӣ мекунанд. Тибқи маълумоти оморӣ дар ду рӯз як маротиба дар ин ва ё он гӯшаю канори дунё амали террористӣ рух медиҳад. Қишрҳои гуногуни ҷомеа шуруъ аз олимону сиёсатмадорон то ба шаҳрвандони одӣ атрофи терроризм ҳадс мезананд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба терроризм ва экстремизм чунин ибрози андеша намуд: «Рўйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Терроризм на миллат дорад, на дин ва на ҳудуд. Маҳз ҳамин нишондиҳанда мубориза бо онро боз ҳам мушкилтар мекунад».
Терроризм ҳамчун реаксияи ҷавобӣ ба ҳалли тӯлонии масъалаҳои сиёсӣ мебошад. Аслан терроризм дар асоси зиёд шудани зиддиятҳои ҷамяъиятӣ васеътар ва мураккабтар мегардад.
-Терроризм ин зӯроварии сиёсие, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ равона шудааст;
— Терроризм- ин куштори мақсадноки инсонҳои бегуноҳ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ;
-Терроризм бо мафҳуми инсондӯстӣ зид буда, хусусияти бераҳмӣ дорад ва дар аксар ҳолатҳо зери шиорҳои дурӯғи адолатнокӣ муаррифӣ мешавад.
Терроризми байналхалқӣ — навъи муосир ва даҳшатнокгаштаи терроризм ба шумор меравад. Он солҳои 1960 пайдо гардида, солҳои охири асри ХХ ба авҷи баланд расид. Мақсад ва ҳадафи терроризми мазкур- ин тағйир додани сохтори идораи давлатҳо дар тамоми олам, зарарҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ расонидан, ноором гардонидани ҷомеа мебошад, ки дар натиҷа ба тағйироти сиёсӣ оварда мерасонад. Хусусияти асосии терроризми байналхалқиро ҷаҳонишавӣ, касбият ва такя ба идеологияи экстремистӣ ташкил медиҳад. Терроризми байналхалқии муосир имрӯз бо хусусияти сирф динӣ, яъне исломӣ муаррифӣ мешавад. Масъалаи мазкур дар Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дақиқ гуфта шуда буд: «Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд».
Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри ХХ терроризм ва экстремизми динӣ мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт. Шояд суоле ба миён oяд, ки барои чӣ ба омўзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, ҳол он, ки таърих исбот мекунад, ки дар ҳама сохторои гузаштаю имрӯзаи ҷамъиятӣ содиршавии терроризм ва экстремизм буд.
Имрӯз терроризмро бо Ислом алоқаманд менамоянд, ки ин тафаккур комилан ғалат мебошад. Аллакай ба ҳамагон маълум аст, ки ташкилкунандаи чунин гурӯҳҳои террористӣ қувваҳои муайяни ғарбӣ буда, тавасcути ин иқдом манфиатҳои сиёсию иқтисодии худро амалӣ намуда истодаанд. Он гумроҳгаштагоне, ки имрӯз аз номи Ислом амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд, хеле ва хеле фоизи хурдро ташкил медиҳанд, аниқтараш камтар аз 0,003 %-ро. Вале ба ин нигоҳ накарда, дар ВАО-и ҷаҳонӣ ҳамеша мусалмон, мусалмон, мусалмон мегӯянду халос. Аксарият ҷавононе, ки имрӯз ба сафи гурӯҳҳои террористӣ мепайванданд, чунин таълим ва ақидаи ғалатро на дар оила гирифтаанду на дар масҷиду мактаб. Дар 1400 соли таърихи худ ислом умуман бо ягон ҳаракати иртиҷоии террористӣ рабт дода намешуд ва умумияте надошт. Фаҳми ҷоҳилонаи терроризми исломӣ танҳо пас аз ҳодисаҳои Афғонистон байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА пайдо шуд. Нангин ва нафратовар он аст, ки аз барои 0,003 %-и гумроҳгашта дар аксарият ВАО ҳамеша терроризмро бо ислом пайванд ва ҳатто ҷузъи он муаррифӣ мекунанд. Албатта, дар натиҷаи чунин нишон додани чеҳраи ислом, он боиси ҷузъи Ислом будани террор дар тафаккури ҷавонон мегардад. Банда дар натиҷаи таҳлилҳо оғоз аз Қуръон то фатвоҳои рӯҳониёни мусалмони аз тарафи умум эътирофгашта бо бовари устувор гуфта метавонам, ки дар таълимоти Ислом ишорае оид ба террор вуҷуд надорад. Баръакс дар Қуръон омадааст: «Ҳар он касе, ки нафари дигарро қатл мекунад, гуноҳаш баробар ба қатли тамоми башарият мебошад». (новобаста аз мансубияти миллию динӣ). Вале чунин иқтибосро мадди назар намуда, Исломро ба ҷаҳониён ҳамчун ҷузъи террор нишон медиҳанд. Дар ҳамин хусус паёмбар Муҳаммад (с) фармудааст: «Инсони боимон он аст, ки дар назди ӯ инсонҳои дигар (новобаста аз миллат ва эътиқод) худро бехатар ва ором ҳис мекунанд».
Имрӯз ҷаҳони ғарб бо истифода аз озодии баёни худ мафҳуми «терроризми исломӣ»-ро дар тафаккури башар ҷой дод. Вале ҳастанд кишварҳое, ки ин ду мафҳуми комилан ба ҳам муқобилро аз ҳам ҷудо менамоянд. Як иқтибоси дигаре аз Қуръон ба маврид аст, ки омадааст: «Дар корҳои хайру созанда ва амалҳои солеҳ ба ҳамдигар ёрӣ расонед ва бо ҳам бошед. Вале ҳеҷ гоҳ дар амалҳои муқовиматӣ ва гунаҳкорона ба ҳамдигар ёрӣ нарасонед». Чунин чеҳраи пок ва асили Исломро мутаассифона, дар ВАО-и ғарб вохӯрдан ғайриимкон аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як минтақае қарор дорад, ки низоми амниятӣ бо низоми амнияти умумисайёравӣ пайваст аст, аммо бо вуҷуди ин минтақа яке аз минтақаҳои хавфноктарин дар ташаккули гурӯҳҳои радикалию экстремистӣ дониста мешавад. Аҳолие, ки дар Осиёи Марказӣ умр ба сар мебаранд, аксарияти мутлақашон дини Исломро қабул доранд, аммо дар бораи Ислом маълумоти зарурӣ надоранд ё кӯркӯрона аз Ислом пайравӣ мекунанд. Аз ин ҳолати ноустувор гурўҳҳои ифротӣ моҳирона истифода намуда, дар байни мардум нақшаҳои канораи худро амалӣ карданӣ мешаванд ва то андозае муваффақ ҳам шудаанд. Гурўҳҳои ифротие, ки дар ин минтақа фаъолият мебаранд, ин: Ҳаракати исломии Узбекистон, Ҳизбу-таҳрир ал-исломӣ, Салафия, Бародарони мусалмон, гурӯҳи террористии ба ном Давлати Исломӣ (ДОИШ) мебошанд.
Падидаи номатлуби мазкур мушкилии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Аксар кишварҳои олам бо роҳу воситаҳои гуногун мубориза бурда истодаанд. Тоҷикистонро, ки ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, зарур аст роҳу воситаҳои самараноки муборизаро вобаста ба вазъи минтақавию давлатӣ боз ҳам қавитар кунад. Дар ҷараёни таҳлили масъалаи мазкур, аз назария то ба пурсишу мушоҳидаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гашта, ба пешниҳодҳои зер омада расидем:
-дар ҷомеа баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва адолатнокӣ. Яке аз сабабҳои асосии гаравидани мардум ба гурӯҳҳои ифротӣ- ин сатҳи пасти зиндагӣ ва инчунин рӯҳафтодагӣ аз баъзе ноадолатиҳои ҳаёти ҳаррӯза мебошад;
-баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ватандўстӣ ва ватанхоҳии омма бо роҳу воситаҳои самараноки таъсиррасонӣ;
-таъсиси мақомоти алоҳидаи махсус оид ба мубориза бар зидди терроризму экстремизм бо ҳайати кории махсус, ки дорои донишҳои хуби илмию касбӣ мебошанд, зеро аз мушоҳидаҳо ва пурсишҳои ҷамъиятӣ бармеояд, ки маҳз сатҳи пасти касбиятнокӣ ва муносибати нодурусти қисме аз масъулини давлатӣ боиси зиёд шудани ифротгароӣ мешавад.
-баланд бардоштани маърифати динии шаҳрвандон, новобаста аз синн дар асоси равияи дурусту созандаи ҳанафия.
-ҷудо намудани дин ва террор. Аз тариқи расонаҳои хабарӣ дурусту оммафаҳм шарҳ додани ин ду мафҳуми аз ҳам бегонаи зидмаъно.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки терроризм падидаи нав набуда, навъи он, ки ҳамагонро ба ташвиш овардааст, танҳо ба хотири муборизаҳои байниҳамдигарии абадқудратон бо дасти бегона роҳандозӣ шудааст. Ва муборизаи абадқудратҳо барои ҷаҳонро идора кардан мебошад. Бо бовари комил гуфта метавонем, ки роҳи муборизаи байниҳамдигарии онҳо имрӯз аз зери назорати онҳо баромада, боиси халалдор шудани амнияти кулли ҷаҳон ва худи онҳо гаштааст.
Абдусамӣ Наҷмиддинзода,
сиёсатшиноси ҷавон

Март 7, 2016 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд