Ифтитоҳи Чойхона бо 200 ҷойи нишаст дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт
Душанбе, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Чойхонаи замонавӣ бо 200 ҷойи нишастро ба истифода дод.
Бинои чойхона аз ҷониби Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ашт дар боғи марказии фарҳангу фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов сохта шудааст. Иншооти маишию хизматрасонӣ аз толори калон бо 140 ҷойи нишаст, толори иловагӣ бо 20 ҷойи нишаст, 4 ҳуҷраи алоҳида, ки ҳар яки он барои 10 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст ва таҳхонаю ҳуҷраҳои омодасозии хӯрок иборат мебошад.
Қаблан дар ҳудуди боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов варзишгоҳ ва дигар марказҳои дилхушӣ вуҷуд дошт ва сохтмони Кохи фарҳанг ва чойхонаи нави ҳозиразамон маҷмуъи иншооти фароғатии онро пурра сохт.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки чойхона дар масоҳати 21 садяк сохта шуда, ба ғайр аз бинои асосӣ ҳамчунин дар атрофи он барои қабули мизоҷон шароит муҳайё карда шудааст.
Барои табъи болидаи мизоҷон дар саҳни бинои чойхона ва атрофи он дарахтони ороишии ҳамешасабз ва сояафкан шинонда шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони бино ҳамагӣ 1 сол давом кард, ки барои бунёди он 40 нафар бинокорони маҳаллӣ ҷалб гардид.
Дар чойхонаи ҳозиразамон барои гузаронидани туй ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бинокорон барои бунёди чунин як бинои зебо баҳои арзанда дода, ба масъулини раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳия дастур дод, ки бо истифода аз ин иншооти муосир сатҳи хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар намоянд.








Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд






