Қирғизҳо бо 20 бозингар ба Душанбе омаданд

Март 28, 2016 09:44

Душанбе, 28.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дастаи мунтахаби Қирғизистон барои доир кардани бозии охирини гурӯҳи Б-и Осиё бо тими мунтахаби Тоҷикистон дар силсилаи бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон- 2018 ва Осиё- 2019 бо 20 бозингар ба Душанбе ҳозир шуд. Меҳмонон таҳти роҳбарии сармураббиашон Александр Крестини рус шоми дирӯз аввалин тамринашонро дар варзишгоҳи марказӣ барпо карданд.
Бозии мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон пагоҳ соати 18 дар варзишгоҳи марказии пойтахт ҷараён мегирад.
Ёдрас мешавем, ки бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Бишкек бо натиҷаи 2 бар 2 ҷамъбаст шуда буд ва дастаи мунтахаби Қирғизистон аз зинаи сеюми гурӯҳ новобаста ба бозии охирин бо тими мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё- 2019 роҳхат ба даст овард.

Март 28, 2016 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд