Истеҳсоли 139,1 тонна помидор дар гармхонаҳои ҷумҳурӣ

Март 19, 2016 12:27

Душанбе, 19.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи маълумотҳои раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 11-уми марти соли равон  дар гармхонаҳои доимӣ аз ҳисоби кишти умумӣ 139,1 тонна помидор, 92,7 тонна бодиринг ва 134,4 тонна дигар сабзавот ҷамъоварӣ шудааст.

Деҳқонони вилояти Хатлон то санаи мазкур аз гармхонаҳои доимии вилоят ба миқдори 154,7 тонна сабзавот истеҳсол намудаанд, ки аз он 53,3 тонна помидор, 35,2 тонна бодиринг ва 66,2 тоннаро дигар сабзавот ташкил медиҳанд. Дар вилояти мазкур деҳқонони ноҳияи Ёвон пешсаф буда, то ба имрўз 35 тонна помидор, 10 тонна бодиринг ва 22 тонна дигар сабзавотҳоро истеҳсол намудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки имсол дар гармхонаҳои ҷумҳурӣ дар майдони 63,24 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст.

 

 

 

 

Март 19, 2016 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад