Истеҳсоли 139,1 тонна помидор дар гармхонаҳои ҷумҳурӣ
Душанбе, 19.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи маълумотҳои раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 11-уми марти соли равон дар гармхонаҳои доимӣ аз ҳисоби кишти умумӣ 139,1 тонна помидор, 92,7 тонна бодиринг ва 134,4 тонна дигар сабзавот ҷамъоварӣ шудааст.
Деҳқонони вилояти Хатлон то санаи мазкур аз гармхонаҳои доимии вилоят ба миқдори 154,7 тонна сабзавот истеҳсол намудаанд, ки аз он 53,3 тонна помидор, 35,2 тонна бодиринг ва 66,2 тоннаро дигар сабзавот ташкил медиҳанд. Дар вилояти мазкур деҳқонони ноҳияи Ёвон пешсаф буда, то ба имрўз 35 тонна помидор, 10 тонна бодиринг ва 22 тонна дигар сабзавотҳоро истеҳсол намудаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки имсол дар гармхонаҳои ҷумҳурӣ дар майдони 63,24 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






