«Корвони саломатӣ» дар Кӯлоб
Душанбе, 10.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- «Корвони саломатӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳайати 112 нафар, бо шумули роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббии ҷумҳуриявӣ, мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тиб ба шаҳри Кӯлоб сафар намуд.
Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар чорабиниҳои марказонидашуда дар шаҳри Кӯлоб оид ба гузаронидани ин чорабинии тиббию машваратӣ, ки мақсади он пешгирии беморшавии аҳолӣ ва боло бурдани фарҳанги тиббии ҷомеа дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023», ҳамчунин ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ба мардум наздик намудани хизматрасонии тиббӣ мебошад, суҳбат орост.
Ҳамчунин дар доираи чорабинӣ табибони маҳаллӣ имконият пайдо намуданд, ки дар ҷараёни кор роҳҳои нави ташхису табобат ва ҷарроҳии муосирро аз устодон, мутахассисони баландпояи тиб омӯзанд.
Барои аҳолии шаҳр ин як кумакест, ки онҳо аз маҳалли худ берун нарафта, ташхису машварат мегиранд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






