Заробиддин Қосимӣ: Меҳргустарӣ Наврӯзро оламшумул кард
Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Наврӯз ва ё соли нави шамсӣ яке аз бузургтарин ва бостонитарин идҳои мардумӣ аст, ки дар оғози пайдоиши худ танҳо дар қаламрави беканори қавмҳои ориёӣ ҷашн гирифта мешуд. Бо гузашти солҳою асрҳо фазои ҷашнгирии Наврӯз, ки пеш аз ҳама оини меҳргустарӣ, тарғиби дӯстӣ, осоишу субот ва заҳмати созанда аст, густариш ёфт ва ҳудуди зиёди Авруосиёро фаро гирифт. Дар соли 2010 мелодӣ ин оини фархунда ҷашни байналмилалӣ эълон гардид, Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.
Вале сарнавишти Наврӯз тайи таърихи зиёда аз шашҳазорсола ҳамеша ҳамвор ва бемушкилу монеа набуд. Руҷуи кӯтоҳе ба ин таърихи тӯлонӣ нишон медиҳад, ки борҳо Наврӯзро гоҳ бо дину оин, гоҳ бо сиёсатҳои давру замон ва гоҳ ба манфиатҳои давлате ва ё миллате нисбат медоданд ва ҷашнгириашро дар минтақаҳои гуногуни олам манъ медоштанд ва ё маҳдуд мекарданд.
Аз ҷумла дар марҳилаи аввали паҳншавии дини мубини ислом дар сарзамини ориёиён Наврӯзро оини зиддиисломӣ ва ё ба ислом бегона хонда, ҷашнгириашро гоҳ-гоҳе мамнуъ эълон менамуданд. Ҳамин гуна монеаю каҷфаҳмиҳо дар асрҳои баъдӣ низ чандин бор ба миён омадаанд. Дар замони Шӯравӣ Наврӯзро, баръакс, иди динии исломӣ номида, қариб ба гӯшаи фаромушӣ бубаранд. Он солҳо иди Наврӯзро танҳо дар деҳоти дурдаст ва он ҳам дар гузарҳои алоҳида гурӯҳҳои хурд-хурди бонувону пиронсолон бо пӯхтани хӯрокҳои гуногун ва бозию дилхушии кӯдакон истиқбол мегирифтанд.
Дар замони “бозсозӣ”, ки нимаи дуюми солҳои 80-уми асри 20 дар Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз ёфт, иди Наврӯз аз нав ва ба тадриҷ оммавият пайдо кардан гирифт. Вале танҳо дар замони истиқлоли Тоҷикистон ҷашнгирии Наврӯз ба сатҳи давлатӣ баромад ва чун оини пурифтихори ниёгони бостониамон оммавияти воқеӣ пайдо намуд.
Сарнавишти Наврӯз ба сарнавишти миллати тоҷик, ки эҷодкунанда ва асосгузори ин оини пурифтихори бостонӣ аст, басо шабоҳат дорад. Тайи ҳазорсолаҳо ин миллат ва ин ҷашн шебу фарози бисёр ва санҷишу имтиҳоноти сангинро пушти сар карда, дар таърихи тамаддуни башарӣ нақши бебаҳо гузоштаанд.
Кишваркушоёни аҷнабӣ дар пайи паҳнсозии урфу одат ва фарҳангу забони худ дар маҳалҳои зисти ниёгони мо кӯшишҳои зиёди бенатиҷа карда, баръакс худ зери таъсири ойини давлатдорию шаҳрсозии мардумони ориёитабор қарор мегирифтанд ва онро барои кишварҳои худ мепазируфтанд. Бад-ин минвол қаламрави таҷлили Наврӯзи хуҷаста ва дигар расму оини омӯзандаи ниёгони мо ба гӯшаҳои дуродури олам паҳн мегардид.
Дар раванди бузургдошти забону фарҳанги тоҷику форс ва Наврӯзи хуҷастапай фарзандони фарзонаи ин миллат дар давру замонҳои тақдирсоз хизматҳои таърихӣ намуда, нақши барҷаста гузоштаанд. Исмоили Сомонӣ, Рӯдакию Балъамӣ, Фирдавсию Ибни Сино, Берунию Хайём ва дигар бузургмардони он замон шуҳрати забону фарҳанги тоҷикӣ ва оини наврӯзиро то ҳадде боло бурданд, ки ба рушду нумуи баъдии он то ҳазор соли дигар асос гузоштанд.
Минбаъд масъулияти ҳифз ва густариши фарҳанги ниёгон бар души фарзонагони дигари мардуми тоҷик чун Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон омад ва онҳо низ бо ҷонбозиҳои зиёд ин рисолати бузурги фарзандиро бо сари афрохта идома доданд ва ба наслҳои баъдӣ мероси пурарзишу гаронмоя гузоштанд.
Дар замони истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ин рисолати таърихию фарҳангӣ бар души Эмомалӣ Раҳмон, ин бузургмарди посдори оини шуҳратманди ниёгони гарданфарози мо ва соҳибдилони муосири тоҷик вогузор шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои басо вазнини пас аз истиқлоли давлатӣ ба даст овардани Тоҷикистон бо фидокорӣ ва ҷонбозиҳои бешумор тавонист, ки аҳли илму фарҳанг ва тамоми нерӯҳои солими ҷомеаро атрофи ғояҳои муттаҳидсозанда, пешбаранда ва эҳёи фарҳанги миллӣ гирд оварда, давлати ҷавони моро аз вартаи фано раҳо кунад.
Сарвари ҷавони давлат бо барқарор кардани сулҳу созиш ва сарҷамъ намудани мардуми зору ноумедгашта натанҳо ба дили ҳамватанон, балки ба қалбҳои кулли ҳамзабонони бурунмарзӣ шӯълаи боварӣ ба фардои дурахшон овард, зеро ки аксари онҳо низ Тоҷикистонро хонаи умеди худ хондаанд.
Яке аз бахшҳои муҳими сиёсати фарҳангии Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон тарғибу ташвиқ ва ба оламиён муаррифӣ кардани Наврӯзи хуҷастапай аст, ки бешубҳа боиси афзоиши ҳисси ифтихору сарфарозии мардуми мо аз таъриху фарҳанги шуҳратманди ниёгон ва таҳкими ваҳдату ягонагӣ мегардад.
Дар воқеъ ғояи эҳё намудан ва такмил додани оини истиқбол аз Наврӯзи оламафрӯз ва дигар анъанаҳои шуҳратманди ниёгонамон дар таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва нигаҳдории асолати миллӣ нақши босазо дорад.
Тибқи андеша ва эътиқодоти аз аҳди бостон то ба имрӯз расида ва собитгардида Наврӯз айёми эҳёи табиат, баробаршавии шабу рӯз, пирӯзии нур бар зулмот, гармию нармӣ бар сардию тундӣ, некӣ бар бадӣ, зебоӣ бар зиштӣ, рамзи покизагии тану ҷон, бахшиши гуноҳҳои ҳамдигар ва фурсати густариши ободонию бунёдкорӣ аст.
Маҳз бо ҳамин арзишҳои волои инсонӣ, ба хусус оини меҳргустарӣ ва талқини муҳаббату самимият ин иди фархунда ҳанӯз дар аҳди шоҳ Ҷамшед, гуфтан мумкин, ҷаҳонӣ гардида буд, албатта дар ҷаҳоне, ки он рӯзгор шинохта ва маскуни насли одамӣ буд.
Ба ин манзур Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раҳбари анҷумани тоҷикону форсизабонони олам баҳри эҳёи анъанаҳои шуҳратманди тамаддуни ориёӣ ва тарғибу ташвиқи он дар байни мардумони ориёитабор гомҳои пайвастаю устувор мегузорад. Ташаббусу ибтикороти наҷибонаи ӯ дар ин роҳи печону пурифтихор аз ҷониби роҳбарият ва мардумони ориёинажоди Эрон, Афғонистон, Ҳиндустону Покистон ва дигар кишварҳо дастгирии ҳамаҷониба меёбанд. Ин дастгирӣ ва ҳамдилию ҳамбастагиҳо бешубҳа омили умедбахш ва таъминкунандаи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони ҷавону шукуфон ва кулли минтақаи мо мегардад.
Маҳз ҳамин ҷаҳду талошҳои Сарвари давлати мо, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, аҳли фарҳанги Тоҷикистон ва дастгирию ҳамфикрии кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯз буд, ки солҳои 2009 ва 2010 ин ҷашни пурифтихор ба маънии томаш ҷаҳонӣ шуд.
Соли 2009 иди Наврӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии СММ расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарии фарҳанги ҷаҳонӣ дохил карда шуд. 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт, яъне Наврӯз расман ҷаҳонӣ шуд.
Ҷашни нахустин ва ҳам дувумини Наврӯзи байналмилалӣ солҳои 2010 ва 2011 дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон таҷлил гардид, ки дар он Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳо ва роҳбарони воломақом аз як қатор кишварҳои ҷашнгирандаи ин иди хуҷаста иштирок доштанд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 марти соли 2010 зимни нахустин таҷлили байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз дар шаҳри Теҳрон, аз ҷумла чунин изҳор дошт: “Аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замони қадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат будааст”.
Он рӯз Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод низ Наврӯзро басо зебо тавсиф кард: “Ағлаби тамаддунҳои мондагори башарӣ дар ҳавзаи фарҳангӣ ва ҷуғрофиёии Наврӯз пайдо шудаанд ва Наврӯз яке аз зеботарин ҷилваҳои муштараки тамаддунҳои аслӣ ва таърихсози башарӣ аст. Агар Наврӯз ончунонки ҳаст, ба соири миллатҳои ҷаҳон муаррифӣ шавад, ҳамагон аз он истиқбол хоҳанд кард. Акнун он фурсат фаро расидааст, ки ҳамаи кишварҳо ва миллатҳои ҳавзаи Наврӯз дар муаррифии арзишҳо ва паёмҳои Наврӯз ба ҷаҳониён иқдомоти густардатар ва муассиртареро барномарезӣ ва анҷом диҳанд”.
Пас аз расо як сол, боз ҳам дар Теҳрон ҳангоми ҷашни дуюми Наврӯзи байналмилалӣ Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: “Инак пас аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз ва фароҳам омадани имкониятҳои бештар кишварҳои моро лозим аст, ки ба воситаи таҷлили пуршукӯҳи ҳамасолаи ин иди пурифтихор тамоми суннатҳои қадимии онро, ки албатта теъдоде аз онҳо бар асари ҳаводиси таърихӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст, зина ба зина бо дастгирии илмию фарҳангии ҳамдигар пурра эҳё намоем то боз ҳам бештару беҳтар ба оламиён собит карда тавонем, ки воқеан ҳам Наврӯз аз ҷумлаи арзишмандтарин ҷашнҳои башарист. Ва ин вазифаро, бидуни шак, бо ёрии ҳам ба ҳалли ниҳоӣ хоҳем расонид”.
19 марти соли 2011 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиён бо шодмонӣ изҳор дошт: “Ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз барои ривоҷи табодули фарҳангҳо, густариши ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу суботи халқҳо нақши муассир мегузорад ва барои муаррифии боз ҳам бештари фарҳангу тамаддуни мардуми ориёитабор мусоидат менамояд”.
Сарвари давлат дар муроҷиат бо зиёиёни эҷодкор ҳамчунин таъкид дошт: “Баргузории Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ моро вазифадор менамояд, ки расму ойинҳои неки наврӯзии замонҳои куҳанро аз нав эҳё намуда, ба онҳо шукӯҳу шаҳомати тоза бахшем”.
Соли 2012 Тоҷикистон ва мардуми кишвар таҳти сарварии Раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон мизбони ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе шуданд.
Ба ин муносибат дар пойтахти кишвар Конфронси байналмилалии Наврӯз-2012 ва тантанаҳои бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Барои иштирок дар ин тантанаҳо ба Тоҷикистон сарони давлатҳои Афғонистону Эрону Покистон — Ҳомид Карзай, Маҳмуди Аҳмадинажод, Осиф Алӣ Зардорӣ ва дигар меҳмонони олимақом аз зиёда аз 40 кишвар ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ташриф оварданд.
Дар ифтитоҳи конфронси байналмилалии Наврӯз-2012 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, Намояндаи хоси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид доир ба Афғонистон Ян Кубиш ва намояндагони воломақоми як қатор давлатҳои дигар ва созмонҳои бонуфуз сухан ронда, бо ифтихору сарфарозии бепоён бо ҷаҳонишавии ин ҷашни бостонӣ мардуми кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯзи оламафрӯзро табрику таҳният гуфтанд.
Тантанаҳои марказии ҷашни байналмилалии Наврӯз-2012 бо иштироки сарони давлатҳо ва меҳмонони сершумори воломақом дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ба муносибати ҷашни 3-юми Наврӯзи ҷаҳонӣ хиёбони Ҳофизи Шерозӣ аз шоҳроҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ то ба даромадгоҳи Наврӯзгоҳ бо намоиши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва неъматҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистон оро ёфта буд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои дигар аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзон, ки ҳама бо рамзу нишон ва ороишоти наврӯзӣ оро ёфта буданд, дидан карданд ва ба базму тараби идонаи аҳли завқу эҷод ҳамроҳу ҳамовоз шуданд. Он рӯз ҳаво хеле боронӣ ва нисбатан сард ҳам буд, вале фазои идона басо гарму самимӣ шуд.
Барномаи идонаи ҷашни 3-юми байналмилалии Наврӯз дар майдони фарохи дохили Наврӯзгоҳи Душанбешаҳри дилоро баргузор гардид.
Дар ин ҷашнгоҳ, ки баъди навсозӣ дорои 14 ҳазор ҷойи нишаст гардида буд, бори нахуст Наврӯзи хуҷастаи ҷаҳонӣ бо барномаи рангини театрии устодони санъату фарҳанги Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон бо инъикоси беҳтарин ҳунарҳои дилхушӣ, шодию нишоти наврӯзӣ, базми рақсу сурудҳои дилнавоз ва таҷассуми расму оини шуҳратманди бостону муосир истиқбол гирифта шуд.
Наврӯзгоҳи Тоҷикистон ба истиқболи Наврӯзи байналмилалии 2012 бо ҳунари волои меъморону наққошон ва дигар ҳунармандони хушсалиқаи кишвар зоҳиран шакли зодгоҳи Наврӯз – тахти Ҷамшедро гирифт.
Соли 2013 ҷашни байналмилалии Наврӯз бо таклифи Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар шаҳри Ашхобод, пойтахти ин кишвари шомил ба ҳавзаи тамаддунии Наврӯз таҷлил гардид.
Таҷлили панҷумин ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ соли 2014 дар яке аз гаҳвораҳои ин иди мардумӣ ва табиии аз аҳди бостон то ба имрӯз расида дар шаҳри Кобул, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, баргузор гардид.
Ҷойи ибрози итминон аст, ки дар Афғонистон ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ рисолати таърихии худро доир ба тарғиби сулҳу субот, ҳамзистии осоиштаи мардумони қавмҳо ва мазҳабҳои гуногун иҷро менамояд ва ба ибораи дигар ба боло гирифтани “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” мусоидат мекунад.
Таҷлили байналмилалии Наврӯзи хуҷаста, новобаста аз он, ки дар кадом давлат сурат мегирад, дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистони соҳибистиқлол мардуми соҳибфарҳангу тамаддунофари тоҷик ин оини фархундаю бостонии моро бо шукӯҳи хоса истиқбол мегиранд.
Тавре аён мегардад, Наврӯз рисолати таърихию тамаддунии худро доир ба тарғиб ва таҳкими дӯстию рафоқат, ҳамкории судбахш, меҳру муҳаббат, гармию нармӣ, нуру зиё ва покию покизагӣ бо ҷаҳонишавии худ ҳарчи бештару беҳтар ва густурдатар амалӣ месозад.
Заробиддин Қосимӣ