28 нафар зинаи магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
ДУШАНБЕ, 10.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2024-2025 зинаи таҳсилоти магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро 175 нафар хатм намуданд, ки аз инҳо 28 нафар гирандаи дипломи аъло мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Академияи миллии илмҳо маросими супоридани дипломҳои аъло баргузор гардид. Аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ба 28 нафар хатмкунандаи зинаи таҳсилоти магистратура дипломҳои аъло супорида шуданд.
Иброз гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маориф дар солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ рушду нумуъ намудааст. Олимону муҳаққиқон дар самти омоданамоии муҳаққиқони ҷавон дар риштаҳои гуногуни илм кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






