Медали тиллои Назиров дар Туркия ва нишони биринҷии Ҷебов дар Русия

Март 7, 2016 16:35

Душанбе, 07.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Ёқуб  Назиров    паҳлавони     навраси   тоҷик   дар  мусобиқаи  дзюдои   Ҷоми   Аврупо  медали   тиллоро  ба гардан овехт.

Ин  сабқат  шашуми   март  дар   шаҳри  Анталияи   Туркия  баргузор шуд,ва  Ёқуб  Назиров    дар вазни   81 кило  сазовори   мақоми   аввал  гардид.Дар ин  рӯз  Толиб  Ҷебов, тоҷикписари    муқими    Русия  дар   мусобиқаи   қаҳрамони   дзюдои   Русия байни ҷавонон дар  шаҳри  Ростови  лаби  Дон   дар   вазни   60-кг  барандаи  медали  бринҷи  шуд.

Ёдовар  мешавем, ки  Ёқуб  Назиров   узви  тими  мунтахаби  наврасони  дзюдочиёни  кишвар  мебошад.У  соли  гузашта   низ  дар мусобиқаи  қаҳрамонии дзюдои Ҷоми   Аврупои   Анталияи   Туркия   иштирок  карда  ва  дар вазни  73-кг  мақоми  сюмро  соҳиб  шуд. Ёқуб  қаҳрамони  чанкаратаи  Тоҷикистон   буда, дар  мусобиқоти   дзюдои  Осиё ҳам  дастболо  гардидааст. Толиб  Ҷебов,ки феълан дар  бошишгоҳи   дзюдои «Морӣ»-и  шаҳри  Иркутск зери  сарпарастии  мураббии  варзида—  Эргаш  Маҳмадбеков  тамрин  мекунад, қаҳрамони   дзюдои   Тоҷикистон  буда,   чанд  соли  охир дар    Русия  зиндагӣ  мекунад. Толиб   қаҳрамони мусобиқаи     дзюдои   минтақаи  Сибири  Русия низ  мебошад.

 

Март 7, 2016 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад