Муаррифии имкониятҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон дар ИМА

Март 1, 2016 17:37

Душанбе, 01.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- 29 феврали соли 2016 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳамкорӣ бо созмони Washington Intergovernmental Professional Group ва Дафтари мусоидат ба рушди тиҷорат дар Маркази тиҷорати байналмилалии Бинои Роналд Рейган (Ronald Reagan Building and International Trade Center) чорабинии махсус бо иштироки доираҳои тиҷоратӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва расмии ИМА барои муаррифии имкониятҳои тиҷоратӣ — сармоягузории Тоҷикистон барпо намуд.

Зимни чорабинӣ ба иштирокдорон оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, бахусус оид ба захираҳои обӣ-энергетикӣ, коммуникатсионӣ, сайёҳӣ ва бахши кишоварзӣ қишлоқ маълумот манзур карда шуд. Дар ин самт ташаббусу иқдомҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуданд. Аз ҷумла, се ҳадафи стратегии Тоҷикистон: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ шарҳ дода шуд.

Март 1, 2016 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд