Муаррифии номзадҳо дар ДМИТ
Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Бо сабаби бозхонд шудани вакили мардумии ҳавзаи интихоботии №1 Фирдавсӣ 10 апрели соли равон дар ин ҳавзаи интихоботӣ интихоботи миёнадаврӣ гузаронида мешавад. Бинобар ин 16 марти соли равон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи интихоботии №1 Фирдавсӣ бо интихобкунандагон доир гардид.
Тавре ки аз донишкада хабар доданд, дар вохӯрӣ чор номзад аз ҳизбҳои сиёсии мамлакат — Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Мавлуда Раҷабова аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Сарвиноз Маҷидова аз ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Саидиён Ҳикматуллоҳ Қувватзода аз Ҳизби демократии Тоҷикистон аз тарафи шахсони боэътимодашон муаррифӣ шуданд.
Ҳамчунин ҳар як номзад ба вакилӣ ба интихобкунандагон барномаи пешазинтихобии худро шинос намуда, ба саволҳо ҷавоб дод.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






