Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафир оид ба супоришҳои махсуси ВКХ Шоҳигарии Ҳолланд
Душанбе, 17.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- 16 марти соли 2016 вохӯрии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафир оид ба супоришҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Ҳолланд Ян Паул Диркс баргузор шуд. Инчунин Сафири Шоҳигарии Ҳолланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳенри Ҳуберт Дриссер дар ин вохӯрӣ иштирок намуд.
Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳолланд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, амният ва самтҳои дигари барои ҳарду ҷониб судманд табодули назар карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






