Намоиши гулҳои ороишӣ дар Хуҷанд

Март 10, 2016 17:24

Хуҷанд, 10.03.2016. (АМИТ “Ховар”). -9 март дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-и маркази Суғд намоиш — чорабинии гулҳои ороишӣ доир гашт. Чорабинии мазкур бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин дар доираи барномаи вилоятии “Соли 2016 — соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод” рӯи кор омада, ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру навоҳии вилоят ва ободу зебою гулзор гардонидани маҳал, шаҳраку деҳот ва муҳити атроф буд.
Дар намоиши гулҳо раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳамчунин шахсони масъули мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорону гулпарварони вилоят ширкат намуда, аз навъҳои гуногуни гулҳои дар гулхонаҳои вилоят парваришшаванда дидан намуданд.
Раиси вилояти Суғд зимни шиносоӣ аз ҳадафи ташкили чорабинии мазкур ёдовар шуда, аз ҷумла гуфт, ки дар маркази вилоят омодагиҳо ба мавсими имсолаи гулкорӣ аз моҳи сентябри соли гузашта оғоз ёфта, бо ин мақсад як миллион пиёзаки гули лола харида, дар хиёбону гулгаштҳои шаҳри Хуҷанд шинонида шудаанд. Илова бар ин, дар қаларави вилоят гузаронидани фестивали лола ва маъракаи наврӯзӣ аз нақшаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли равон мебошад.
Имрӯзҳо дар гулхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 2,3 миллион дона гул парвариш мешавад, ки дар ин рӯз наздик ба 500 ҳазор гули гуногун ба намоиш-фурӯш гузошта шуд.

Март 10, 2016 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад