Наврӯз ҷашни ба ҳам омаданҳост

Март 21, 2016 09:38

Душанбе,  21.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-

Рўзи Наврўз асту ин олам муаттар мешавад,
Зиннати рӯи замин аз сабзаи тар мешавад….

Наврӯз ҷашни ба ҳам омаданҳост, ҷашне, ки қалбҳои хастаро осоиш мебахшаду  нури умеди инсонҳоро ба зиндагӣ фурӯзон месозад ва ғалабаи некӣ бар бадӣ, гармӣ бар сардиҳо мебошад. Худи калимаи Наврӯз, ки маҳз бо ҳамин ном дар саросари олам ҷашнаш мегиранд, исботи аниқу дақиқи калимаи тоҷикӣ будани ин мафҳуми муқаддасу зиндагиофари табиат мебошад. Ҳар як фарди тоҷик бояд имрӯз ифтихор аз фарҳанги пурғановату нотакрор, аз гузаштагони асилаш, ки дунёро бо санъати сухану ғазалиёти ноб ва ихтироъҳои илмиашон такон додаанд, дошта бошанд. Дар дунё шояд кам мардумоне бошанд, ки ба монанди  мардуми тоҷик ин қадар таърихи бою нотакрор дошта бошанд. Ҷашни Наврўз, ки сирф иди миллии тоҷикон аст ва маҳз бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди байналмилалӣ эълон гардид, имрўз дар саросари олам аз ҷониби ҳамватанони мо чун ҷашни покию нармӣ, ҷашни хештаншиносӣ ва ифтихор аз оинҳову фарҳанги қадимтарин ва исботи он, ки мардуми тоҷик мардуми зебоипарасту зебоиофар, ободкору покниҳод   ҳаст, таҷлил гардида истодааст.
Шаҳри Комсомоли лаби Амур аз Тоҷикистон дар масофаи зиёда аз 10 ҳазор километр дур ҷойгир аст. Агар гӯем, ки баъди ҷангали   анбўҳи канори ин шаҳри Шарқи Дур роҳи обӣ ба сўи Уқёнуси яхбастаи Шимолӣ оғоз мешавад, хато намекунем. Ҷамъияти тоҷикони ин шаҳр бо сарварии ҷавонмарди дорои нангу номуси баланди тоҷикона Қосим Абдуллоев ва даҳҳо дигар ҳамватанон,  аз қабили Робиямо Латифова, Фирдавс Абдуллоев, Шарифамо Каримова, Саид Амиров ва дигарон якдилу яктан шуда, ҷашни Наврўзи оламафрӯзро гузарониданд. Мизбонон 5-6 рӯз пеш ба ҷашни Наврӯз омодагӣ дида буданд, то ки  маъракаи худро бо риояи ҳама гуна оинҳову меҳмондориҳо дар сатҳи баланд гузаронанд ва ба ин муваффақ ҳам шуданд. Дар ин рӯз маҳз аз рӯи муҳаббати беохир ба ватану оинҳои миллӣ ҳамватанони Шарқи Дурамон тавонистанд бо меҳру садоқат ва ҳамбастагӣ Наврӯзи оламафрӯзро дар шаҳри дури соҳили дарёи бузурги Амур ташкил карда, диққати садҳо меҳмононро ба ороиши саҳнаи наврӯзӣ, шеърхонии духтарони тоҷик дар васфи Тоҷикистону Наврӯз, ороиши дастурхони идонаи наврӯзӣ бо пешниҳоди сабзаву хӯрокҳои  шоҳона аз зумраи суманак, кашку нонҳои ҷаззадор, оши палову  бурида, қатмолу чанголӣ,  ҳалвои сафеду сурх ва дигар хӯрокҳои миллии идонаи наврӯзӣ ба худ ҷалб кунанд.
Қабл аз оғози ҷашни идона суруди миллии Тоҷикистон ва Русия садо дод. Садо додани суруди миллии ватани азизамон дар ин қисмати дури ФР исботи садоқатмандиву ифтихормандӣ аз Тоҷикистони азиз ва муқаддасу ҷовидона пос доштани расму оинҳои миллии мардуми мо аз ҷониби ҳамватанони шаҳри Комсомоли лаби Амур мебошад.
Як нуктаро бояд зикр кард, ки мардуми тоҷик аз азал мардумони меҳмоннавозу дастурхондор, ватандору ободкор ҳастанд. Аз ин ҷост, ки дар ин рӯзи фархунда  дигар ҷамъиятҳои тоҷикон аз қисматҳои гуногуни вилояти Амуру Шарқи Дур  ва Ёқутистон ҳазорҳо километр роҳро тай карда, ба ин ҷо омаданд.  Ташриф овардан дар ин маъракаи идона аз сарҷамъиву муқаддас донистани ҳама рукнҳову оинҳои миллӣ, аз дӯстдору ободкори ватани азизамон будани  ин мардум дарак медод. Мо сарҷамъиву тифоқии ҳамватанонамонро дида, ростӣ аз шодӣ ашк аз чашмонамон ҷорӣ мешуд. Зери навои дилангези  тоҷикона ҳамагон мерақсиданду шодӣ мекарданд.
Дар ин базми наврӯзӣ меҳмонони зиёде аз Думаи давлатӣ, сохторҳои қудратии шаҳр, аз ҳукумати кишвари Хабаровск ташриф овардаву  суханронӣ карда, бори дигар ба фарҳангу таърихи қадимаи мардуми мо баҳои баланд доданд. Дар аснои ҷашн марди қоматбаланди нуроние ба мо наздик шуд ва чун фаҳмид, ки мо рӯзноманигорему  аз Тоҷикистон омадаем, дар бораи ҳамватанони  тоҷики мо, нақши муассири ҳамватанонамон дар ободиҳои шаҳру кишвари Хабаровск бо муҳаббат сухан мекард. Маълум шуд, ки номбурда Лужков Юрий Константинович ном дошта, намояндаи Думаи давлатӣ мебошад. Ба ҳамин минвол, ҳар яке хоҳ озарӣ бошаду хоҳ русу тотор, ҳатман пеш аз ҳама, дар бораи ҷамъияти тоҷикон бо сарварии Қосимҷон Абдуллоев, дар бораи самимияту озодарӯзгорӣ, меҳмоннавозии мардуми тоҷик ва дар бораи ин халқи қадршинос бо эҳтиром сухан мекарданд. Оё метавон ягон маъракаи наврӯзиро бе шоҳи бозиҳои ҷашни наврӯзӣ-гӯштини миллӣ тасаввур кард? Не!
Дар ин рўз паҳлавонон аз тамоми қисматҳои ФР ва аз Тоҷикистон барои маҳорати худро нишон додану дастболо гардидан омада буданд. Аз ҷониби дӯстдорони ин намуди варзиши тоҷикона ва аз ҷониби соҳибони майдон барои ғолибон туҳфаҳои хотирмон таъсис дода шуда буд. Тавре ки ғолиби даври охири бозӣ Расул Давлатов иброз кард, муҳим на ҷоиза, балки баланд бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон  мебошад.

Садбарг Боқиева

Душанбе-Новосибирск-Хабаровск-Комсомоли лаби Амур

Март 21, 2016 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2020-2030». Давоми чор соли фаъолияти он кадом натиҷаҳо ба даст омаданд ва чӣ мушкилот дар ин самт мавҷуд аст?
Раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Чин дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» ҳамоиш доир гардид
Нашриёти «Ирфон» се шоҳасари барҷаста: «Гулчини ғазалиёт» ва «Ҷоми ҷон»-и Ҷалолуддини Балхӣ ва «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро бо се забон ба нашр расонид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ 2755 довталаб иштирок мекунад
Намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхайи Чин бо Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Хатлон шинос гардиданд
Суратгузориш аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
«МАСЪАЛАҲОИ ФАРҲАНГИ МУОСИРИ БАДЕИИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон ба бузургдошти хотираи санъатшиноси тоҷик Саъдулло Раҳимов ҳамоиш доир шуд
Экспедитсияи бостоншиносӣ-геологӣ доир ба омӯзиши бошишгоҳҳои асри санги ноҳияи Ховалинг шуруъ гардид
Рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Озарбойҷон доир шуд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо шаҳомати хосса баргузор гардид
Дар Озарбойҷон Рӯзҳои синамои Тоҷикистон доир гардид