Наврӯзи Аҷам-муждарасони шукуфоӣ ва ҳамдилӣ
Душанбе, 21.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз баъди дамидани субҳ Корвони муждаи наврӯзӣ бо созу навоҳои дилнишин ва шодию хурсандӣ аз чор гӯшаи пойтахт ба макони баргузории чорабинии наврӯзӣ ба самти Наврӯзгоҳ равона гардид. Дамидани субҳу расидани мужда аз соли нави аҷдодиро сокинони пойтахт бо садои карнаю сурнай, базму хушҳолӣ ва намоишу иҷрои ойинҳои Наврӯзи Аҷам истиқбол гирифтанд.
Корвониён таронаҳои дилнишин ва шеъру сурудро дар васфи Наврӯзу баҳор замзамакунон ба мардуми пойтахти кишвар аз фарорасии Наврӯзи хуҷастапай мужда мерасониданд. Маликаҳои зебои баҳорӣ фойтунсавор аз чор ноҳияи пойтахт чун муждарасони наврӯз аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе гузар карда, ҳамагонро аз омадани Наврӯз хабар мекарданд. Гулдухтарони зебо либоси атласу чакан ба бар карда, омадани Наврӯзи оламафрӯзро барои сокинони шаҳри дилоро шодбош мегуфтанд.
Суруду таронаҳое, ки аз ҷониби ин корвон сароида мешуданд, пурра дар васфи фасли баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай буданд. Сокинони пойтахт ин санаи фархундаро ба якдигар шодбош гуфта, аз зиндагии хушҳолона, шукуфоӣ ва пойдории ваҳдат фараҳмандӣ менамуданд.
Сокинони Душанбешаҳр шоду хурсанд ва бо иттифоқ Наврӯзи оламафрӯзро пешвоз гирифта, ҳамагонро бо омадани Наврӯз табрик менамуданд.
























Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






