Оғози сохтмони бинои нотамом дар ноҳияи Б.Ғафуров

Март 4, 2016 11:55

Б.Ғафуров, 04.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Соли 1985 дар беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои иловагӣ оғоз гардида буд ва корҳои сохтмонӣ баъди пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қатъ гашта, давоми 25 соли охир бино дар ҳолати нотамом қарор дошт.
Аз моҳи феврали соли равон сохтмони бино дубора оғоз шуд.
Сохтмони бинои мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд.
Аз рӯи нақша бино дорои 36 ҳуҷра ва 55 кат буда, минбаъд дар он шуъбаи бемориҳои асаб ва шуъбаи бемориҳои дил ҷойгир хоҳад шуд.

Март 4, 2016 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад