Пешвои миллат сипари амнияти суннатҳои миллӣ
Душанбе 28.03.2016. (АМИТ «Ховар») — Саргузашти пешвоёни одил, сиёсатмадорони маъруф, сулолаи амирон ва хонҳои бузург шаҳодат медиҳад, ки на ҳамаи зимомдорони замон дар тули таърих дар баробари хидмат ба халқу миллат, забону фарҳанг ба мақому ҷойгоҳи Пешвои давлат, Пешвои миллат ё Пешвои дин мушарраф шудаанд. Пешво будан танҳо ифтихор, вазифа ва мансаб нест, балки инсони комил, раҳбари хирадманд, дурандеш, сиёсатмадори ҳушманд, ҳомии халқу Ватан, пуштибони дину фарҳанг будан аст! Пешвои миллат аз худ гузаштан ва дар худ боқӣ мондан, душманшиносу худогоҳ шудан, худсозию худсухтан барои миллат, давлат, кишвар ва саодамандию хушбахтии ҷамъият аст.
Магӯ бепарда чун Мансур ҳарфи ҳақ ба ҳар ҷоҳил
Ки ишқ аз баҳри безарфон муҳайё дорҳо дорад.
Чеҳрасозӣ ва шахсияттарошиҳои сунъӣ бо усули тамаллуқ ва чоплусона омили бадбахтии миллат, давлат ва дину фарҳанг мебошад. Аз қадим то имрӯз доираҳои хушомадгӯ, сифлатабъ, тамаллуқсиришт ба хотири дарёфти ҷоҳ, мақому мансаб, таъмини ғаразҳои нафсонӣ ва расидан ба ҳадафҳои шаҳвонии худ ба ситоишу парастиши раҳбарони нолоиқ даст зада, Фиръавну Намруд ва заҳҳокҳои даврро ба мақоми маъбудӣ — Худоӣ расонидаанд.
Таҳлил ва ковишҳои тахассусӣ нишон медиҳад, ки решадавонии асҳоби тамаллуқпеша ва хушомадгӯ дар аркони ҳукуматдории дилхоҳ низом омили манфӣ ва хатарнок буда, мунҷар ба шикаст ва аз байн рафтани салтанат ва низоми идории давлат гаштааст. Тоифаи тамаллуқу чоплуспеша, тибқи одат ва ғароизи ботинии худ фарзандони содиқ ба миллат, ватан, дину оин ва фарҳангу забонро бо усулҳои махсус назди бузургон, ба хусус, амирон вузаро ва пешвоёни сиёсию раҳбарони давлат бадном, сиёҳ ва туҳмат намуда, барои фаъолиятҳои зишти худ замин ва талу теппаи сиёсӣ ҳамвор менамояд, то тавонанд ҷамъият ва ҷомеаро ба расвоӣ ва парешонӣ бирасонанд.
Бемурувватони давр хуб медонанд, ки то вақте як олим ва донишманд дар ҷомеа дорои мақом ва фазилат аст, сирру асрори мунфиқонаи онҳоро фош месозад. Шикастан ва бадномсозии фарзандони фарзона ва миллатдӯст вазифаи касбии душманони миллат аст.
Ҳадафи банда чеҳратарошӣ, тамаллуқ ва шахспарастӣ нест, балки нуктаи назари шахсии хешро дар мавриди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамоям.
Ҳар касе дар миёни мардум бо меҳнати ҳалол, тақво, ростгӯӣ, қаҳрамонӣ, ихтирооти илмӣ, хушхонӣ ва покдоманӣ мақому фазилат пайдо намояд, мардум ӯро бо зеботарин сухан ва арзишмандтарин ном ёд намуда, дӯст медоранд.
Аз нигоҳи фалсафаи Қуръон ҳар киро Худованд иззат, эҳтиром, мақом, фазилат ва ҷойгоҳи арзишманд ато намояд, дигар ягон васвасаи иғвоангез, дасисаи аҳли низоъ ва хушунат наметавонад эҳтиром ва мақоми ӯро осебпазир созад. Ва баръакс ҳар киро Худои бузург хору гумроҳ намояд, ҷумла ҷаҳон вайро аз гумроҳӣ ва хоршавӣ наҷот намедиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи нафаронест, ки Худованд ӯро иззату эҳтиром дода, лоиқ ва шоистаи раҳбарии Тоҷикистон ва мардуми шарифи он гардонидааст. Ба ибораи дигар Парвардигори меҳрубон аз рӯзи «Аласту бираббикум» ба души Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бузург – Пешвоии миллатро сазовор дониста, ӯро аз шарри ҳаводис ва наҳси кайҳонӣ дар паноҳи раҳмати Худ ҳифз намудааст:
Чароғеро, ки Эзид барфурӯзад,
Ҳар он кас пуф кунад, ришаш бисӯзад.
Ин байт як фарзияи хушку холӣ ва шиори тумтароқ нест, балки як китоби бузурги сиёсат ва ахлоқ аст. Инсонро водор менамояд, ки дар муқобили тақдир ва сарнавишти Илоҳӣ муқовимат набояд кард. Муқовимат бар зидди тақдир ва сарнавишт амалест аҳмақона ва туҳмаест бесамар.
Эмомалӣ Раҳмон замоне зимоми қудрати сиёсии кишварро ба даст гирифт, ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанг ва фитнаҳои бузург афтода, хатари аз байн рафтани миллату давлат, забону таърих ва тамомияти арзӣ пеш омада буд. Мардум ба гурӯҳ ва созмонҳои мухталиф ҷудо гашта, ба якдигар бо забони тиру теғ сухан мегуфтанд. Ҷанги таҳмилӣ ва ирсолӣ тару хушкро месӯзонд. Ғубори тарс, қатлу куштор, ваҳшат, нафрат ва кинаву адоват ҷомеаро дар оғуши худ гирифта, дар раҳраву тангкӯчаҳо ҷасади шахсони фавтида пушти ҳам хобида буданд.
Дар чунин вазъияти хатарнок ва тақдирсоз барои ҳастию бақои миллату давлат Эмомалӣ Раҳмон парчамбардори сулҳ, ваҳдат, ҳуввияти миллӣ ва пешвои сиёсии Тоҷикистони азиз гардид!
Он рӯзҳои мудҳиш ошуфтагӣ, парешонии рӯзгор, нооумедӣ ва хушунат ҷомеаро фаро гирифта буд. Фирор роҳи зинда мондани қишре аз ҷомеа гардид. Муҳосираҳои иқтисодӣ, бераҳмӣ ва номардӣ ханда ба инсофу имон, муҳаббату инсонгарӣ мезад. Мағзҳои бедор фирор ва бархе аз ҷавонмардони меҳандӯст дар муқовимат бо ҷанг устувор ва пойдор монданд. Қавмситезӣ ва тоҷиккушӣ авҷ гирифта, аз тарси силоҳшурони бемурувват донишмандон ва олимон хомӯш гаштанд. Бархе аз биноҳои маъмурӣ, корхона ва хонаҳои истиқоматӣ дар мамлакат хароб гашта буданд. Пуштаҳо чун лолазор рангин аз хуни шаҳидон буданд. Ҳар инсон дар ҷустуҷӯи паноҳандагӣ ва макони амн буд. Амният ва осудагӣ барои ҳамагон арзиш пайдо намуд, аммо касе кафолат ва масъулияти амнияти дигар касро дода наметавонист. Киштии давлат ва миллат дар амвоҷи тӯфон бесарнишин ва халабон боқӣ монда буд.
Афрод ва гурӯҳҳои ҷинояткор аз ин фурсат истифода намуда, ба ҷони олимон, намояндагони мардумӣ, кормандони давлатӣ, уламои исломӣ сӯиқасд менамуданд. Ҳастию бақои миллат дар зери хатари ҷиддӣ қарор гирифта буд. Дар чунин рӯзгори тираву тор ҷомеа ва кишвари Тоҷикистон ниёз ба Пешвои хирадманд ва инсони шариф дошт, то бори амонат ва масъулияти кишвардориро ба зиммаи хеш бигирад. Маҳз дар чунин вазъияти хатарнок ва тақдирсоз барои мавҷудияти миллату давлат Эмомалӣ Раҳмон парчамбародори сулҳ, ваҳдат, ҳуввияти миллӣ ва пешвои сиёсии Тоҷикистони азиз гардид! Худованд ӯро шоиста ва сазовори ин масъулияти сангин намуд.
Соли 1992 фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Нахустин дастоварди бузурги миллат дар вазъи ҷанги шаҳрвандӣ қарор доштани кишвар раҳбари давлат таъин шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Интихоботи дуруст сароғози хушбахтӣ барои миллат ва давлатдории тоҷикон гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвои миллат дар ин ҷодаи масъулиятнок нахуст ба парчам — нишонаи асосии давлату миллат эҳтиром гузошта, дар назди ҳозирин ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳор дошт, ки бо фазли Худо ба ҷанги таҳмилӣ хотима мегузорад. Миллат ва давлатро аз нестшавӣ ҳифз намуда, тамоми гурезагони иҷборӣ, яъне ҳамватонони азизро аз Афғонистон ва соири кишварҳои дунё ба Тоҷикистон меоварад. Ӯ изҳор дошт, ки то замоне як тоҷик берун аз ватан қарор дорад, ман осуда ва ором буда наметавонам. Тоҷикистон хонаи ҳамаи тоҷикон аст.
Ҷавҳари ҷавонмардӣ ва хиради азалӣ дар симои зоҳирӣ ва андешаву афкори пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо чун офтоби тобон нурафшон буд. Ӯ пуржинаҳои низоми иқтисодии кишварро, ки дар натиҷаи дигаргун гаштани сохтори сиёсию низоми давлатдорӣ ва ҷанги таҳмилӣ аз ҳам пошида, тахрибу валангор гашта буданд, аз нав дар шароити низоми демократӣ бозсозӣ намуд.
Душманони миллат ва халқи тоҷик, ки оромӣ ва суботи ҷомеаи Тоҷикистонро дидан намехостанд ва намехоҳанд, аз рӯзи аввали ба сари қудрати сиёсӣ омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст ба дасиса ва талбисот зада, гуфтанд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз уҳдаи раҳбарии давлат ва қудрати сиёсии кишвар баромада наметавонад.
Гузашти вақт нишон дод, ки афсонабофиҳо ва далолгариҳои сиёсии асҳоби фитнаангез ва ихтилофзо беасос буда, иродаи Илоҳӣ баръакси андешаву афкори эшон будааст:
Муддаъӣ хост, ки аз бех канад решаи мо,
Ғофил аз-он, ки Худо ҳаст дар андешаи мо!
Мақсад ва ҳадафи калидии душманони миллат аз байн бурдани Истиқлолияти миллӣ, тоҷиккушӣ ва пора намудани якпорчагии кишвари Тоҷикистон буд. Дар ин самт асҳоби тафриқа ва хушунат аз хоҷагони хориҷии худ хазинаҳои пулӣ ва силоҳу яроқ дар ихтиёр доштанд. Эмиссар, гумоштаву ҷосусони дастгоҳ ва ташкилотҳои хориҷӣ ҳар яке баҳри манофеъи худ талошу кӯшиш менамуданд, ки дар Тоҷикистон ҷанг идома ёбад. Баъзе аз сарҳанг ва қумандонҳои ду ҷониб сулҳ, ваҳдат ва баргашти гурезагонро аз хориҷ ба Ватан намехостанд. Аллакай дар доми эмиссар ва хоҷагони хориҷии худ гирифтор омада, кӯшиш намуданд, ки ҳама масъалаи давлатдорӣ ва сиёсии кишварро бо забони силоҳ ва тарсу таҳдид додан ҳалл намоянд.
Мутаассифона бархе аз ҷавонон ва ноболиғони муҳоҷире, ки дар Афғонистон қарор доштанд, ба бошгоҳ ва марказҳои омодасозии ҷанговарони созмони террористии «Ал-Қоида» ирсол карда мешуданд. Имрӯз ҳамон ҷавононе, ки дар марказҳои такфирӣ дар Покистон, Яман ва Мисри Араб таҳсили динӣ намуданд, ғояҳои ифротии иттиҳодияҳои террористиро пуштибонӣ менамоянд. Низоми демократӣ ва мазҳаби ҳанафиро қабул надоранд. Онҳо дар асоси принсипҳои «Тақия»- (дуруғ гуфтан дар зарурат) ғояҳои хилофатсозии Абубакри Бағдодиро дар қишрҳои гуногуни ҷомеа зери таълими «ҳадис» таблиғу ташвиқ доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзи корӣ натанҳо дар фикри хомӯш ва саркӯб намудани оташи ҷанг, ҳифзи тамомияти арзӣ, таъмини ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва хунсо намудани гурӯҳҳои силоҳшӯр ва разманда буд, балки ӯ ҳамчун як сиёсатмадори варзида барои ояндаи дурахшон ва саодатманди миллату кишвар аз самими қалб талош менамуд. Зикри Худо ва ёди рӯҳи азизон ҳамеша ҳамнафас ва муниси азизи ӯ буда, ҳеҷ лаҳзаи умри худро бе ёди Худо зоеъ намекард.
Фирқаҳое, ки оромиро дар Тоҷикистон намехостанд, мегуфтанд: шаҳри Душанбе муҳит ва рамзи пойтахт будани давлати Тоҷикистонро надорад, таъмини амният ва оромиш дар Душанбе ғайриимкон аст, пойтахти давлат аз Душанбе ба Хуҷанд ва ё ба ҷои дигар интиқол дода шавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва афкори ин тоифаро напазируфт ва дарёфт, ки мақсади ғаразноки онон ба манфиати миллат ва давлат нест, балки иддаои эшон як барномаи тарҳрезишудаи мукаммал буда, ҳадафи асосияшон аз байн бурдани Истиқлолият ва давлати Тоҷикистон аст.
Пешвои миллат дар чунин марҳилаи тақдирсоз зидди муғризин бо аъзои ҳукумат ба Душанбе омад. Таҳдидофаринӣ, террор, гаравгонгирӣ, сӯйиқасд ба ҷони ходимони давлатӣ, чеҳраҳои сиёсӣ, илмӣ ва динӣ, ки онҳо омили бақои миллат ва давлат буданд, хотима наёфта буд.
Дар чунин вазъияти муташанниҷ барои давлатдорӣ ва наҷоти ҳамагон аз шарри ҷанг шиорбофӣ, чоплусӣ, хушомадгӯӣ, тумтароқбаёнӣ ва тамаъкорӣ арзиш надошт, балки лозим буд, ки ҳар шахси ватандӯст ва мусалмон дар ивази ҷону такдири худ аз миллат, давлат ва Истиқлолият ҳифз ва пуштибонӣ намояд.
Душахсиятҳо ва мунофиқон аз паси деворҳои шикаста ба вазъияти сиёсӣ ва геосиёсии минтақа нигариста, кӯшишу талош барои расидан ба сулҳу ваҳдат накарда, балки пайваста барои барангехтани кинаву адовати қавмӣ фитнаҳо ангехта, сипас ба ҷойгоҳи амни худ бармегаштанд.
Тарроҳони ҷанги шаҳрвандӣ бо тамоми қувва ва зӯр талош намуданд, ки дар самти идораи низоми давлатдорӣ бар зидди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат монеаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низомӣ эҷод намоянд. Аммо ҳама талош ва саъю кӯшишҳои онҳо ҷомаи амал напӯшид, зеро душманони миллат натавонистанд дар Тоҷикистон ҷанги қавмӣ ва мазҳабиро роҳандозӣ намоянд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хиради фитрӣ тавонист, ки ҳадафи душманро бишносад ва монеъи идомаи ҷанг дар кишвар бигардад.
Душманшиносӣ ва шикасти барномаву нақшаҳои тарҳрезишудаи тарроҳони ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон нахустин дастоварди бузурги Эмомалӣ Раҳмон буд.
Дар соли 1994 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат ҷашни бузургдошти Мирсаид Алии Ҳамадонӣ — орифи машҳур ва сӯфии номии Машриқзамин дар шаҳри Кӯлоб дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуд. Дар ин кунгураи ҷаҳонии бузургдошти Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қариб намояндагони 30-40 давлати дунё ва донишмандони ватанӣ ширкат варзиданд.
Ҳадафи асосии кунгураи мазкур ҳифзи мероси таърихӣ, бедории миллӣ ва шикастани овозаҳои бардурӯғ ва ғаразноки доираҳои ҷудоихоҳ нисбат ба мардуми шарифи Кӯлоб буд. Доираҳои муайян дар он шабу рӯз мардуми Кӯлобро ба бераҳмӣ, номусалмонӣ ва исломситезӣ бадном менамуданд.
Хунсо ва пиёда намудани ҳадафи душман дар ин самт мақсади дигари ҳамоиши бузургдошти Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоби бостонӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамоиши бузургдошти орифи бузург ва алломаи Шарқ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб заминаи ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар Тоҷикистон фароҳам сохт. Меҳмонони дуру наздик шоҳиди он гаштанд, ки мардуми шарифи Кӯлоб онҳоро бо нону намак ва чеҳраи кушода пешвоз гирифта, ба худию бегона ҷудо насохтанд. Баҳри онҳо дастархони дӯстона кушоданд. Хабарҳои бардурӯғе, ки нисбат ба ин мардуми минтақа паҳну парешон гашта буд, исботи худро наёфтанд. Нақшаи душмани миллат ва давлат дар ин самт шикаст хурд, зеро моҷароҷӯён мехостанд, ки барои идомаи ҷанги шаҳрвандӣ низоъи кӯлобию бадахшӣ, раштию суғдӣ авҷ бигирад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои худшиносӣ, худогоҳӣ, эҳёи мероси таърихӣ ва хомӯш намудани оташи ҷанг силсилаи ҳамоиш ва бузургдошти бузургони миллат ба монанди Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рудакӣ, Шайх Камоли Хуҷандӣ, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва Носири Хусрави Қубодиёниро дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намуд.
Бо саъю талоши бевоситаи Пешвои миллат мероси миллӣ ва шахсиятҳои маъруфи илмию ирфонӣ омили муҳими ба ваҳдат расидани миллати ҷангзадаи тоҷик гардид. Шоирон, адибон, нависандагон, аҳли зиё ва уламои исломиро ба муқовимат бар зидди ҷанги таҳмилӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ даъват намуд. Онҳоро аз доираи тарсу ноумедӣ наҷот дод.
Бо шарофати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон илму дониш, хираду фазл дар ҷомеа садрнишин гашт. Умед ба зиндагӣ ва баргашти гурезагон ба ватан оғоз гардид.
Тарс ва ноумедӣ бузургтарин гуноҳ ва монеи расидан ба ҷомеаи саодатманд ва рӯзгори хуш аст. Иллати ноумедӣ ва омили тарсро, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шакл гирифта буд, маҳз Эмомалӣ Раҳмон решакан намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидаи хаёлӣ ва сохташуда нест, балки Пешвои миллат будани ӯ омили ҳаётӣ ва ҷанбаи воқеӣ дошта, бениёз аз сохтакорӣ ва тамаллуқ аст.
Эътироф ва эҳтиром гузоштан ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат пеш аз ҳама садоқат ва эҳтиром доштан ба миллат ва давлатдории миллӣ аст, ин омили калидӣ ва таҳдобӣ аз муҳимтарин масъалаи ҳуввияти давлатдорӣ маҳсуб меёбад.
Миллат ва давлати Тоҷикистон аз нахустин рӯзи Истиқололият ниёз ба чунин пешвои хирадманд ва лидери қудрати сиёсӣ дошт. Мақоми ҳуқуқӣ пайдо намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон неъмати арзишманди илоҳӣ ва дастоварди бузурги миллӣ буда, барои ҳар тоҷик ва сокини Тоҷикистон ифтихори бузург аст. То мақоми ҳуқуқӣ пайдо намудани Пешвои миллат ҳам, Эмомалӣ Раҳмон маҳбубияти миллӣ дар байни аҳолӣ касб намуда, ҳамчун лидери сиёсӣ шинохта мешуд.
Таърихи мулку мулкдорӣ гувоҳ аст, ки аз қадим то имрӯз бисёре аз миллат ва давлатҳои ҷаҳон дорои Пешвои сиёсӣ буда, онҳо миллату давлати худро ба як ҷомеаи саодатманд расонида, аз нестшавӣ ва парокандагӣ наҷот додаанд. Таҷассуми пешвои хирадманд дар нақши Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Искандари мақдунӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ маълуму машҳур аст.
Паёмбарони Худо ва имомони мазоҳиб дар ҷодаи дин ба ҳайси Пешво эътироф гашта, дар самти наҷоти башарият дар мубориза бо хурофот, ҷаҳлу таассуб ва оини бутпарстию ширкгароӣ хизматҳои шоиста ва мондагор барои инсоният анҷом додаанд. Номи накӯ ва амалҳои солеҳи онон дар авроқи таърих бо оби тилло навишта шуда, имрӯз боиси ифтихор ва эҳтироми ҷомеаи башарӣ мебошанд.
Искандари Мақдунӣ дар Юнони қадим, иператор Куруши Кабир дар хиттаи Ориё, Амир Имсоили Сомонӣ дар Бухорову Балх, Пётри 1 дар Русия ҳамчун пешвоёни сиёсӣ ва ҳомии асосии миллату давлати хеш шинохта шудаанд.
Пешвои сиёсии халқи Чин Мао Зе Дун дар эҳёи миллат, давлатдории миллӣ ва иқтисодиёти кишвари Чин саҳми арзишманд гузошта, бо сипарӣ шудани вақт ва бо баракати сиёсати хирадмандонаи Мао Зе Дун давлати Чин яке аз бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ гаштааст. Ҷорҷ Вашингитон то имрӯз пешвои сиёсӣ ва ифтихории амрикоиҳо буда, ба ному сурати вай асъори миллӣ сикка зада шудааст.
Набудани лидери қавии сиёсӣ ба ҳайси Пешвои миллат, яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд. Набояд он рӯзҳои сиёҳ ва хунрезиҳои бемаъниро фаромуш сохт. Зиракӣ ва бедории миллӣ ва диниро набояд аз даст дод. Душманони миллат, созмонҳои экстремистӣ ва хоҷагони онҳо қарор нестанд, балки барои ноором сохтани авзои сиёсии кишвар пайваста бо ҳар шева дар ҳолати нафратэҷодкунӣ ба шахсияти Пешвои миллат ва давлати миллӣ ҳастанд.
Бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат имрӯз Тоҷикистон бо 128 давлати ҷаҳон муносибатҳои ҳасанаи дипломатӣ барқарор намудааст. Истиқлолияти Тоҷикистонро 150 давлати дунё эътироф намуда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати алоҳида мешиносанд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи идеология ва фарҳанги асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ буда, сипари амнияти фарҳангиро барои таъмини сулҳу субот ва бақои халқи тоҷик фароҳам сохт. Дар ин замина як силсила чорабиниҳои фарҳангӣ ва бузургдошти шахсиятҳои маъруфи миллиро ба роҳ монда, миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ аз дини мубини ислом пуштибонӣ намуда, эълон намуд, ки терроризм ва экстремизм ба ислом ягон иртибот надоранд. Ислом зидди ҳама гуна хушунат, террор ва тундгароию ифрот аст. Шахси террорист миллат, дин, Ватан ва фарҳанг надорад.
Сиёсати фарҳангдӯстӣ, меросмеҳварӣ ва шинохти таъриху тамаддуншиносии Пешвои миллат барои тақвиятёбӣ, мустаҳкам гардидани ҳуввияти миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ нигаронида шуда, ҳисси ватандӯстӣ ва душманшиносии ҷавонони кишварро бедор намудааст. Чунин ҳолати кор эътибор ва эҳтироми Пешвои миллатро дар байни аҳолӣ ва дар арсаи байналмиллалӣ бисёр маъруфу машҳур гардонид.
Даҳҳо низоми сиёсии давлат, салтанат, империя ва хону амирони бузурги ҷаҳонӣ дар тӯли таърих бинобар ба эътибор нагирифтани шаклгирии душмангароӣ, меросситезӣ, таърихсӯзӣ, тафриқаю низои ақидавӣ ва динӣ омили фурупошии онҳо гаштааст.
Дар шароити бисёр мураккаби геоиқтисодӣ, геодемографӣ ва геосиёсии ҷаҳон, бархурди манфиати қудратҳои бузурги низомию сиёсӣ, доман паҳн кардани терроризми байналмилалӣ дар мисоли созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва дигар хатарҳои замони муосир бори дигар дуруст ва саривақтӣ будани қонунан Пешвои миллат эътироф шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро исбот сохтааст. Зеро маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, фарзанди фарзонаву сарсупурдаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад ба шоистагӣ давлати миллӣ ва ҷомеаи мардумии моро бо фазли Илоҳӣ аз хатарҳо нигаҳ дорад ва ба сӯи ояндаи дурахшону саодатманд пеш барад.
Абдуллоҳи Муҳаққиқ,
коршиноси динӣ