Дар Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад

Ноябрь 8, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 08.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷаласа аъзои муколама аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагон аз давлатҳои Эрон ва Озарбойҷон, вазорату идораҳо, ташкилоти байналмилалӣ, ҷамъиятӣ, коршиносони миллию байналмилалӣ ва занони паноҳҷӯ аз Афғонистон иштирок менамоянд.

Дар ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои таҳкими сулҳ ва амният дар Осиёи Марказӣ тавассути роҳбарии занон, ҳамкории муштараки занони сулҳофар ва ҷавонон оид ба ваҳдати наслҳо, сулҳу устувор ва амният, ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи маориф, омӯзиши касбӣ ва тавсеаи имкониятҳои иқтисодии занони афғонро баррасӣ менамоянд.

Дар доираи ҷаласа раёсати «Муколаи занони Осиёи Марказӣ» дар соли 2026 ба дигар  давлати аъзо гузошта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2024 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон «Муколамаи занон Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он раёсати муколама дар соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.

Дар ин замина,  дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон таҳти унвони «Занон дар иқтисоди «сабз» ва рақамӣ» Форуми минтақавии Муколамаи занони Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар форум беш аз 40 намояндаи давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд.

Форум ба платформаи муҳими минтақавӣ барои табодули дониш ва таҷрибаи пешқадам табдил ёфта, ба иштироки фаъолонаи занон дар рушди устувор, рақамисозӣ ва рушди навоварӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шуд.

Мавзуи асосии форум аз тавонмандии занон дар рушди иқтисоди «сабз» дар Осиёи Марказӣ, соҳибкорӣ, роҳбарӣ дар самти иқлим, кишоварзии устувор, идоракунии захираҳои табиӣ, рақамикунӣ ва иқтисоди рақамӣ дар минтақа ва рушди малакаҳои рақамӣ иборат буд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 8, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид