Ба Раёсатҳои захираҳои оби минтақаҳои ҳавзавии Вахш ва Панҷ нақлиёти нави барқӣ тақдим гардид

Ноябрь 9, 2025 09:45

ДУШАНБЕ, 09.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббус ва дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсатҳои захираҳои оби минтақаҳои ҳавзавии Вахш ва Панҷ ду нақлиёти нави барқии тамғаи «BYD Song Plus» тақдим гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳадаф аз ин иқдом беҳтар намудани шароити корӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини фаъолияти самараноки мутахассисони мақомоти соҳавӣ дар минтақаҳои ҳавзавии Вахш ва Панҷ мебошад.

Ҳамзамон тақдими нақлиётҳои барқӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти истифодаи технологияҳои «сабз», рушди нақлиёти барқӣ ва коҳиши партовҳои зараровар ба муҳити зист арзёбӣ мегардад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 9, 2025 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид