Дар шаҳри Копенгаген масъалаҳои саломатии кӯдакон ва ҳаёти солим баррасӣ гардид

Ноябрь 8, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 08.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Копенгагени давлати Дания иҷлосияи 75-уми Кумитаи минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои Аврупо  баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои саломатии кӯдакон ва наврасон, пиршавӣ ва ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар кори иҷлосия иштирокдорон доир ба стратегияи муҳими соҳавӣ «Оғози солим барои ҳаёти солим» барои солҳои 2026–2030) оид ба ҳифзи саломатии кӯдакон ва наврасон, «Инноватсия барои тандурустии ҷамъиятӣ» барои солҳои 2025–2030 ва лоиҳаи «Пиршавӣ-зиндагии солим» барои солҳои 2026–2030 мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин зимни ин ҳамоиш самтҳои рушди кумаки аввалияи тиббӣ, ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, ҷалби кумаки техникӣ, густариши технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ дар низоми тандурустии миллӣ баррасӣ гаштанд.

Иҷлосияи 75-уми Кумитаи минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои Аврупо платформаи муҳими сиёсӣ ва касбӣ барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ буда, иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он барои пешбурди ҳадафҳои стратегии соҳаи тандурустии мамлакат аҳамияти бузург дорад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 8, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд