Пешвои миллат: Яке аз рамзҳои неку фараҳбахши Наврӯзи ҷаҳонӣ- барпо намудани базмҳои шеър аст”

Март 20, 2016 10:35

Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ “Ховар”). – Яке аз рамзҳои неку фараҳбахши Наврӯзи ҷаҳонӣ аз рӯзгори куҳан то ба имрӯз барпо намудани базмҳои шеър мебошад, ки боиси шуҳрат пайдо кардани адабиёт, бахусус шеър дар саросари олам гардидааст. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни мамлакат иброз дошт.

“Фардо, ки бо қарори ЮНЕСКО «Рӯзи ҷаҳонии шеър» таҷлил мегардад, бо истифода аз минбари ин ҳамоиш ҳамаи адибону шоирон, аз ҷумла онҳоеро, ки дар ин толор ҳузур доранд, ба ин муносибат табрик гуфта, ба онҳо табъи саршор ва илҳоми тозаи эҷодӣ орзу менамоям”, — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати Тоҷикистон иброз дошт: “Воқеан, ба таъбири устод Рӯдакӣ “бо сад ҳазор накҳат омадани баҳори хуррам ва бо рангу бӯи аҷиб” ороиш ёфтани олам, пеш аз ҳама, эҳсоси шоирон ва аҳли эҷодро ба шӯр оварда, онҳоро водор месозад, ки аз нишоту шодмонӣ, хушиву хушҳолӣ сухан гӯянд ва занги кудуратро мисли сардиҳои зимистон аз дилҳои хонандаву шунавандагони худ берун андозанд.”

Дар васфи Наврӯз аз замонҳои қадим шеъру тарона, байту чакома, ривояту афсона ва масалу мақоли зиёд эҷод гардида, мақому манзалат ва арзишу аҳаммияти инсондӯстонаи ин ойини мардумӣ ба таври шоиста  тавсиф шудааст.

Бо таъсири суннатҳои адабиёти гузашта дар шеъри муосир низ васфи Наврӯз ҷойгоҳи хосса пайдо карда, сифатҳои арзандатарини он дар осори шоирону адибон таҷассум гардидаанд ва шукӯҳу ҷалоли рамзҳои ҷовидонаи Наврӯз васф шудаанд.

 

 

Март 20, 2016 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон