Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ
Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ “Ховар”). — Дар нимаи дуюми рӯзи 20 марти соли равон бо ташаббуси ҷониби Афғонистон суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат сарони ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя ҳамдигар ва мардумони кишварҳояшонро ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай табрику муборакбод намуданд.
Ҳангоми суҳбат ҷонибҳо ҳолати имрӯзаву дурнамои робитаҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамчунин масоили мубрами минтақавию байналмилалиро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои худ доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон ва иштирок дар маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ дар тарҳи дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ – КАСА-1000 даъват ба амал овард. Раисҷумҳури Афғонистон ин даъватро бо хушӣ пазируфт.








Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон






