“Суғдсинамо”: банаворгирии се филм дар як сол

Март 10, 2016 16:55

Хуҷанд, 10.03.2016. (АМИТ “Ховар”).-Дирӯз дар Кохи матбуоти маркази вилояти Суғд нишасти хабарии роҳбарияти Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» баргузор гардид.
Муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ зимни иштирок, аз ҷумла оид ба таъсиси МД «Суғдсинамо» дар вилоят иброз дошт, ки МД «Суғдсинамо» бо мақсади рушди кинои миллӣ бо ташаббуси раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар соли 2015 таъсис ёфтааст. Ҳадаф аз таъсиси ин муассиса рушду нумӯи ҳамаҷонибаи санъати филмофарӣ, таҷассум намудани филмномаҳои баландмазмун, пур намудани фазои холии синамои тоҷик ва муаррифӣ намудани Тоҷикистон аз тариқи филмҳои хуб барои ҷаҳониён мебошад.
Ҳамзамон роҳбари МД «Суғдсинамо» Муҳиддин Ҷӯраев гуфт, ки дар давоми як соли фаъолияти худ МД «Суғдсинамо» 1 филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Духтари Сайҳун» доир ба рӯзгори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ва ду филми бадеиро бо номҳои «Коса» ва «12 соли интизорӣ» ба навор гирифтааст.
Аз ҷумла, ҳунарманди шинохта Муҳаммадалӣ Маҳмадов гуфт, ки таъсиси киностудия дар шароити кунунӣ ба манфиати кинои тоҷик буда, иқдоми роҳбарияти вилояти Суғд боиси дастгирист.
Сипас филмҳои МД «Суғдсинамо» дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ маркази шаҳр ба намоиш гузошта шуданд.

Март 10, 2016 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад