Суханронии Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 дар деҳаи Хиштхонаи ноҳияи Ашт

Март 25, 2016 09:45

25.03.2016, ноҳияи Ашт
Муҳтарам устодону омӯзгорон ва падару модарон!
Фарзандони азиз!

Ҳамаи шумо ва кулли сокинони деҳоти Понғозро ба муносибати ифтитоҳи боз як муассисаи нави таълимӣ ва ҷашни Наврӯзи Аҷам, ки бо файзу баракат ва нерӯи эҳёгари худ ҳар яки моро ба сӯи амалҳои неки созанда ҳидоят мекунад, самимона табрик мегӯям.

Наврӯз ҳамчун рамзи пайванди табиату инсон, нишонаи баробар гардидани шабу рӯз ва оғози корҳои саҳроӣ дар ҷисму қалби мардуми офарандаи мо абадан макон гирифта, барои имрӯзиён чун ойини эҳёгару созанда аз қаъри асрҳо паём мерасонад.

Тамоми ойинҳои неки наврӯзӣ, ки сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ доранд, имрӯз низ барои мардуми мо муътабар ва ибратомӯзанд.

Ба ифтихори истиқболи сазовори Наврӯзи фархунда тибқи таомул ва суннатҳои миллӣ мардум макони зиндагии худро тозаву озода намуда, боғҳои нав бунёд мекунанд ва ба ин васила ҷиҳати ободонии Ватани аҷдодӣ ва идомаи анъанаҳои наврӯзӣ саҳм мегузоранд.

Ҳамасола зимни таҷлили ин ҷашни бузург дар радифи корҳои ободониву созандагӣ ба хотири беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасоз ба бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Мо имрӯз дар доираи ин анъанаи нек ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти умумии навбунёди рақами 13 дар деҳаи Хиштхонаи ноҳияи Ашт ҳусни ифтитоҳ бахшидем.

Насли калонсоли деҳа хуб дар хотир доранд, ки собиқ муассисаи таълимии дар ин мавзеъ фаъолиятдошта ҳанӯз солҳои 50-70-уми асри гузашта бунёд гардида, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй набуд.

Бинобар ин, бо супориши Ҳукумати мамлакат мактаби мазкур аз нав сохта шуда, бо муосиртарин шароити таълим таъмин карда шуд.

Мактаби ифтитоҳшуда понздаҳумин мактаби навбунёди ноҳия дар замони соҳибистиқлолии кишвар буда, илова бар ин, бо ташаббуси шахсони саховатпеша ва соҳибкорони бонангу номуси ин диёр дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия шумораи зиёди синфхонаҳои иловагӣ бунёд карда шудаанд, ки айни замон 30 ҳазор хонандагонро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд.

Омӯзгорони мактабҳои ноҳия дар тарбияи кадрҳои донишманду соҳибтаҷриба таҷрибаи ғанӣ дошта, садҳо нафар шахсиятҳои маъруф ва мутахассисони соҳибкасбро ба камол расонидаанд, ки ҳоло дар соҳаҳои гуногуни кишвар муваффақона кору фаъолият менамоянд.

Дӯстони азиз!

Дар доираи тадбирҳои то имрӯз андешидаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла дар натиҷаи татбиқи барномаҳои давлативу соҳавӣ беҳдошти сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хеле тақвият ёфта, дар ин раванд ба рушди бахшҳои муҳимтарини иҷтимоӣ — маориф ва тандурустӣ афзалият дода мешавад.

Дар идомаи ислоҳоти соҳаи маориф мо ният дорем, ки минбаъд ба масъалаи азхудкунии донишу малака, инкишофи ҷаҳонбинӣ ва одобу ахлоқи толибилмон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, ҷавононро барои зиндагиву фаъолият кардан дар шароити нав ва замонаи пешрафту тараққиёт омода созем.

Албатта, ноил шудан ба чунин ҳадафи муҳим заҳмати зиёди устодон ва падару модаронро талаб мекунад. Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки ба ин масъала бо тамоми ҷиддият муносибат карда шавад.

Чунки наврасони имрӯза кадрҳои оянда ва давомдиҳандагони кору фаъолияти наслҳои калонсол, яъне мову шумо мебошанд.

Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки ҷавонони мо дар баробари азхудкунии илму дониш ва технологияҳои муосир бояд риоя ва пос доштани анъанаву суннатҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ, инчунин эҳтироми волидайну калонсолонро ба ҷо оварда тавонанд.

Маҳз ба ҳамин хотир, ман ҳамеша таъкид месозам, ки падару модарон ва устодону омӯзгорон ба хотири бунёд намудани ҷомеаи солим ва таҳкиму пойдории давлати соҳибистиқлоламон бояд ба тарбияи насли ҷавони ояндасоз ҷиддӣ машғул шаванд ва пеш аз ҳама, худи падару модарон дар сатҳи зарурӣ соҳибмаърифату босавод бошанд.

Инчунин устодону омӯзгорон ҷиҳати анҷом додани рисолати муқаддас ва касби пуршарафи худ бояд ҳамеша дар мутолиаву омӯзиш ва ҷустуҷӯву навоварӣ бошанд.

Зеро суръати пешрафти илму донишҳои муосир ва тараққиёти техникаву технология аз омӯзгори имрӯза саъю талош ва мутолиаи доимиро талаб мекунад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар робита ба тарбияи ҷавонону наврасон дар шароити ҷаҳони пуртазод ман қариб дар ҳамаи суханрониҳои худ такроран таъкид месозам, ки мо бояд насли ояндасози худро дуруст ба воя расонида, наврасону ҷавононро аз таъсири ҳама гуна андешаву афкори зарарнок ва фарҳанги бегона эмин нигоҳ дорем.

Яъне мо вазифадорем, ки пеши роҳи бесаводу бекор мондан ва таҳти таъсири гурӯҳҳои ифротиву хурофотпараст қарор гирифтани ҷавононро сари вақт гирем.

Воқеаву ҳодисаҳои мудҳиши дар ҷаҳони муосир идомадошта аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки фарзандонамонро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем, то ки онҳо ҳамеша зираку ҳушёр ва огоҳ аз равандҳои номатлуби ҷомеа бошанду баду некро аз ҳамдигар фарқ карда тавонанд.

Имрӯз дар ҳузури шумо, падару модарони муҳтарам ва устодону аҳли маориф, бори дигар таъкид месозам, ки фарзандони мо бояд аз илмҳои дунявӣ дар сатҳи зарурӣ огоҳ бошанд, забонҳои хориҷиро азхуд намоянд, касбу ҳунар омӯзанд ва дар зиндагӣ мавқеи устувори худро дошта бошанд.

Бовар дорам, ки сокинони сарбаланду заҳматпешаи ноҳияи Ашт мисли падарону бобоёни худ ба таълиму тарбияи фарзандон минбаъд низ эътибори ҷиддӣ дода, барои ба воя расонидани насли донишманду соҳибкасб ва содиқ ба Ватану миллат саҳми муносиб мегузоранд ва дар ин рӯзҳои пурфайзи баҳорӣ ба корҳои ободонӣ, киштукор вусъати тоза бахшида, барои боз ҳам фаровон гардонидани дастурхони худ заминаи мусоид мегузоранд.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи мактаби нав ва Наврӯзи ҳуҷаста табрик гуфта, ба кулли сокинони ноҳия саломативу хонаи обод ва ба хонандагони мактаби тозабунёд хониши хубу аъло орзумандам.

Доимо сарбаланду комёб бошед!

Март 25, 2016 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад