Таҷҳизоти ултрасадо тамоми узвҳои баданро бо сифати баланд муоина менамояд

Март 4, 2016 16:23

Душанбе, 04.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — «Мо кулли табибони кишвар минатдории худро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонем, зеро имрӯз ба мо табибон бузургтарин маркази ташхисию табобатиро бо тамоми шароити муосир тақдим намуд»,- гуфт Алихон Убайдуллоев, мудири шуъбаи қабули беморхонаи клиникии «Ҷарроҳии кӯдакона» имрӯз зимни ифтитоҳи маҷмааи тандурустии «Истиқлол».
Бояд гуфт, ки беморхонаи «Ҷарроҳии кӯдакона» аз 7 ошёна ва 3 бино иборат буда, аз шуъбаҳои қабул, ҷарроҳихонаи таъҷилӣ, ташхиси таъҷилӣ, муолиҷаи оҷил ва наҷот, ташхисҳои функсионалӣ, ҷарроҳии дил ва рагҳои хунгард, ҷарроҳии навзодон, осебшиносӣ ва ортопедии кӯдакона, ҷарроҳии абдоминалӣ, ҷарроҳии қафаси синаи кӯдакона, ҷарроҳии асаби кӯдакона, ҷарроҳии урологӣ, ҷарроҳии фасоди кӯдакона, барқарорсозии баъдиҷарроҳии кӯдакона, бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии кӯдакона иборат мебошад. Дар ошёнаи 7-уми ин беморхона шуъбаи модар барои нигоҳубини кӯдакони бемор бо шароити махсус ва шуъбаи модар ва кӯдак барои нигоҳубини кӯдакон бо нуқсонҳои модарзодӣ ҷойгир шудааст.
«Дар беморхонаи мазкур кӯдакони навзод ва то 18-соларо қабул менамоянд. Дар ин беморхона таҷҳизоти муосир харид ва насб шудаанд. Агар гӯем, ки дар Осиёи Марказӣ чунин беморхонаву таҷҳизот ангуштшумор аст, хато намекунем. Дастгоҳҳои мазкур аз Аврупо, Олмон ва Ҷопон ворид шуда, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд», — гуфт Алихон Убайдуллоев.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, тафовути ин беморхона аз дигар беморхонаҳои кишвар дар он аст, ки вақти муроҷиат, ташхис ва табобати бемор дар ин ҷо хеле кӯтоҳ аст. Яъне бемор дигар сарсон намешавад. Агар пештар беморро дар як шуъба қабул намуда, ба шуъбаи дигар барои ташхис ва ба шуъбаи сеюм барои муолиҷа мефиристоданд, дар ин беморхона ҳамаи ин амалиёт дар як бино анҷом дода мешавад.
«Дар беморхонаи «Ҷарроҳии кӯдакона» ҳамаи озмоишҳо ва таҳлилҳои лабораторӣ дар муддати кӯтоҳ бо таҷҳизоти навтарин гузаронида шуда, бемор бе ягон мушкилӣ метавонад ба табибон муроҷиат намояд»,-илова намуд мусоҳиб.
Як таҷҳизоте, ки ба беморхонаи «Ҷарроҳии кӯдакона» ворид карда шудааст, ин асбоби нафасгирии сунъӣ мебошад, ки тамоми қисмҳои бадани ҷарроҳишавандаро нишон дода, натиҷаашро дар кӯтоҳтарин фурсат аз тариқи компютер мебарорад.
«Дастгоҳи дигари беморхона- ин таҷҳизоти ултрасадо мебошад, ки дар як вақт метавонад косахонаи сар, дил, умуман тамоми узвҳои баданро бо равишҳои доплерии рагҳои хунгард бо сифати баланд ташхис намояд»,-афзуд Алихон Убайдуллоев.
Бояд гуфт, ки дар пойгоҳи маҷмааи тандурустии «Истиқлол» 14 кафедраи соҳавии Донишгоҳи давлатии тиббӣ, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ, Маркази таълимиву тамрин, китобхонаҳои электронӣ ва адабиёти тиббӣ таъсис дода шудаанд, ки метавонанд илова ба хизматрасониҳои тиббӣ, инчунин ба сифати пойгоҳи муқтадири омода намудани мутахассисони баландпоя хизмат намоянд.

Март 4, 2016 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад